Лоран Фабиус, вазири умури хориҷии Фаронса, изҳор намуд, ки даъвати сафари расмӣ ба Теҳронро пазируфт. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Фаронса, рӯзи 15 июл гуфт, ки ҳамтои эронияш Муҳаммад Ҷавод Зариф, баъди ҳосил шудани имзои созиши ҳастаӣ бо Эрон дар Вена, ӯро такроран ба Теҳрон даъват кард. “Ман гуфтам, ки ба Эрон меравам ва мегӯям, ки ба Эрон хоҳам рафт”, афзуд Лоран Фабиус.
Санаи сафари вазири умури хориҷии Фаронса ба Эрон ҳанӯз маълум нест.
Дар ҳамин хол хабаргузории Рейтер навишт, ки муовини садри аъзам ва вазири иқтисод ва энерҷии Олмон Зигмар Габриэл рӯзи 19 июл вориди Эрон мешавад. Хабаргузории олмонии DPA иттилоъ дод, ки Зигмар Габриэл аз Теҳрон ва Исфаҳон дидан мекунад ва бо раҳбарони Эрону масъулони бахши иқтисодии ин кишвар мулоқотҳо анҷом медиҳад.
Муовини садри аъзамро дар ин сафар гурӯҳе аз тоҷирони олмонӣ ҳамроҳӣ хоҳанд кард.