Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин шаш бритониёвиро аз кишвар берун мекунад


Шаҳри Ордос, маркази вилояти Муғулистони дохилии Чин
Шаҳри Ордос, маркази вилояти Муғулистони дохилии Чин

Сафорати Бритониё дар Пекин рӯзи 15 июл изҳор намуд, шаш шаҳрванди кишвар, ки дар шимоли Чин боздошт шудаанд, эҳтимолан ба Бритониё истирдод мешаванд. Онҳо аз гурӯҳи сайёҳии иборат аз нӯҳ бритониёвӣ ва ду нафари дорои шаҳрвандии Бритониё ва Ҷумҳурии Африқои ҷанубиянд, ки ҳамроҳ бо чанд шаҳрванди Ҳинд рӯзи 10 июл дар вилояти Муғулистони дохилии Чин боздошт шуданд.

Созмони хайрияи африқоии Gift of the Givers хабар дод, ки сайёҳони хориҷиро дар фурудгоҳи шаҳри Ордос дастгир карданд. Ба иттилои ин созмон, мақомоти Чин аъзои гурӯҳро дар ҳамкорӣ бо созмонҳои террористӣ ва тамошои филмҳои тарғиботӣ дар меҳмонхона гумонбар мехонанд.

Аммо масъулони созмони хайрия мегӯянд, аъзои гурӯҳ, ки миёни онҳо тоҷирону табибон ҳам ҳастанд, барои сайёҳат ба Чин рафтаанд ва бо ягон гурӯҳи терррористӣ робита надоранд.

XS
SM
MD
LG