Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама. Созиши ҳастаӣ бо Эрон ба нафъи Амрикост


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, рӯзи 15 июл ба хотири мутақоид сохтани амрикоиҳо, давлатҳои ҳампаймон ва қонунбарорҳо дар мавриди паҳлӯҳои муфиди созиши ҳастаӣ бо Эрон, нишасти хабарӣ доир мекунад. Қарор аст, ки ӯ ба суолҳои хабарнигорон дар Кохи Сафед посух гӯяд.

Ба созиши ҳастаӣ, ки рӯзи сешанбе дар Вена баъд аз тақрибан се ҳафтаи музокирот миёни Эрон ва гурӯҳи "Панҷ ба изофаи як" ҳосил шуд, Исроил, номзадҳо ба мақоми президенти ИМА аз ҳизби ҷумҳурихоҳон ва аъзои ҷумҳурихоҳи Конгресс мухолифанд. Номзадҳо аз ҳизби ҷумҳурихоҳон аллакай ваъда доданд, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ, ин созишро лағв мекунанд.

Ҷонибдорони Обама аз натиҷаҳои раъйдиҳӣ дар Конгресс ҳам бим доранд. Барак Обама шахсан бо баъзе аз аъзои Конгресс ва номзади эҳтимолии демократҳо дар интихоботи президентии соли оянда Ҳилларӣ Клинтон мулоқот кард. Хонум Клинтон гуфт, ки аз ин санад ҷонибдорӣ мекунад.

Сарвари ИМА рӯзи сешанбе эълом дошт, ба ҳама қонуне, ки алайҳи татбиқи созиши ҳастаӣ қабул мешавад, вето мегузорад.

Обама рӯзи 14 июл дар робита ба ин созиш бо раҳбарони кишварҳои ҳампаймон дар Ховари Миёна – Исроил, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саъудӣ телефонӣ сӯҳбат кард. Бо супориши ӯ вазири дифоъ Эштон Картер ҳафтаи оянда ба Ховари Миёна сафар мекунад, то кишварҳои ҳампаймонро барои кафолати таъмини амнияташон аз сӯи ИМА мутақоид созад.

XS
SM
MD
LG