Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳайатҳои намояндагии шаш қудрати ҷаҳонӣ ва Эрон дар музокироти ҳастаӣ роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон дар Вена-пойтахти Австрия ба тавофуқ расиданд.

Федерика Могеринӣ-масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо ба таври расмӣ эълон кард, ки ин созиш баъд аз бештар аз даҳ соли музокирот рӯзи 14 июл ба даст омадааст. Музокирот дар марҳилаи ниҳоӣ 18 рӯз давом дошт.

Муҳаммад Ҷавод Зариф-вазири корҳои хориҷаи Эрон пеш аз ин суханони Могеринӣ гуфт, ки ин созмшнома “таърихист” ва роҳи бурд-бурди ҳали масъала мебошад.

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар Кохи Сафед ба Когресси кишвараш ҳушдор дод, ки агар Конгресс дар бораи пешгирӣ аз иҷрои муваффақиятомези ин созишнома санаде ба тасвиб расонад, вай ба ҳар тасмими Конгресс дар ин бора вето хоҳад гузошт.

Тоҷикистон аз имзои ин созишномаи Эрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ истиқбол кард.

XS
SM
MD
LG