Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Гурҷистон аз фаъолиятҳои ахири нерӯҳои Русия дар минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ изҳори нигаронӣ кардаанд. Ин нерӯҳо 1605 метр ба дарунтари марз рафтаанд ва ба ин тартиб лӯлаи нафти Боку-Супса аз контроли Тифлис берун мемонад.

Вазорати корҳои дохилаи Гурҷистон эълон кард, ки як қисмати лӯлаи нафт дар канори рустои Орхосанӣ дар қаламрави ишғолӣ мондааст ва он ба назорати сарбозони Русия даромадааст. Аз соли 2008 ба ин сӯ, дар натиҷаи ҷанги панҷрӯзаи Гурҷистон ва Русия, Осетияи Ҷанубӣ ба контроли Русия даромадааст.

Георгий Маргвелашвилӣ, раисиҷумҳури Гурҷистон, 13 июл гуфт, ки вазъ дар ҳар ҳолат ба лӯлаи стратегии транзитӣ таъсир хоҳад дошт. Лӯлаи нафти Боку - Сурса 830 километр дарозӣ дорад ва аз Озарбойҷон то ба бандари Баҳри Сиёҳи Гурҷистон меравад. Дар як рӯз аз ин лӯла 100 ҳазор бушка нафт интиқол меёбад.

XS
SM
MD
LG