Пайвандҳои дастрасӣ

Ба Толиб Айёмбеков то охири сол вақт додаанд


Толиб Айёмбеков

Толиб Айёмбеков

Толиб Айёмбеков, фармондеҳи пешини мухолифини мусаллаҳ дар Бадахшон муваззаф шудааст, ки то охири соли ҷорӣ боқимондаи қарзҳояшро ба "Амонатбонк" баргардонад, вагарна бонк амволи ба гаравмондаи ӯро хоҳад фурӯхт. Холмурод Зарифов -- сардори раёсати қарзҳои мушкилситон дар "Амонатбонк" 14 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло аз тамоми қарзҳои гирифтаи Айёмбеков 177 ҳазору 250 сомонӣ ва, инчунин, беш аз 200 ҳазор сомонӣ фоизи қарзҳояш боқӣ мондааст.

Толиб Айёмбеков ҳамроҳи писараш соли 2010 аз "Амонатбонк" 455 ҳазор сомонӣ қарз гирифта буданд. Номи Айёмбеков дар пайи куштори генрал Абдулло Назаров, сардори раёсати амнияти Бадахшон дар тобистони соли 2012 расонаӣ шуд ва мақомот дар аввал ӯро дар ин қазия муттаҳам карданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2012 дар ҷараёни сафараш ба вилояти Бадахшон гуфта буд, ки Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламов қарзашонро ба "Амонатбонк" баргардонанд.

XS
SM
MD
LG