Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додситони гарнизони ҳарбии Кӯлоб нисбат ба ҳафт афсар ва ду прапоршики қисмҳои низомии ин минтақа парвандаи ҷиноӣ боз карда, ба додгоҳ ирсол кардааст. Икром Зоиров, додситони гарнизони низомии минтақаи Кӯлоб 13 июл дар нишасти хабарӣ гуфт, "ҳоло нисбат ба Ҷабборов Рустам, Файзов Дилшод, Иброҳимов Сайфиддин, Шарипов Фирӯз, Бойматов Носирҷон, Лозуриев Нусҳат, ки рутбаи инҳо аз лейтенант то капитан мерасад, аз сӯи прокуратура парванда боз карда шуд." Соли гузашта нисбат ба 11 афсар дар минтақаи Кӯлоб парвандаи ҷиноӣ оғоз ва ба додгоҳ ирсол шуда буд. Зоиров дар идома гуфт, ҳоло ду прапоршики дигар дар пайгарди қонунӣ қарор дорад. Ба гуфтаи Зоиров, Саттор Исматуллоев ва Алихон Кабиров макони хизматро тарк карда, ба Русия рафтаанд.

XS
SM
MD
LG