Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон ва гурӯҳи 5+1 дар мавриди созиши ниҳоӣ оид ба барномаи ҳастаии Теҳрон ба мувофиқа расиданд. Барак Обама гуфт, ки "аз паҳншавии силоҳи ҳастаӣ дар Ховари Миёна ҷилавгирӣ кардем".

Эрон ва гурӯҳи 5+1 ба музокироти чандсола оид ба барномаи ҳастаии Эронро бо қабули Созиши муштараки ҳамаҷониба, ки лағви пурраи таҳримҳо алайҳи Теҳронро дар назар дорад, хотима бахшиданд. Дар ин бора Федерика Могеринӣ, раиси бахши сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, рӯзи 14 июл дар нишасти хабарӣ ба думболи хатми давраи ниҳоии баҳсу баррасиҳо дар Вена иттилоъ дод. Ин рӯзи таърихист, зеро мо шароитро барои бунёди эҳтимод ва боз кардани саҳифаи нав дар робитаҳоямон муҳайё сохтем, гуфт ӯ.

Дипломати аршад афзуд, «касе фикр намекард, ки ин кори осон аст, зеро тасмимҳои таърихӣ ба осонӣ гирифта намешаванд». Аммо бо вуҷуди мушкилиҳо ва чанд бор тамдид шудани гуфтушунидҳо умед ва кори ҳадафмандона имкон доданд, ки ҳама лаҳзаҳои душвор пушти сар шаванд, афзуд хонум Могеринӣ.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки созиш аз матни умумӣ ва панҷ замима иборат аст. Дар замимаҳо сухан, аз ҷумла, аз ӯҳдадориҳои ҷонибҳо оид ба фаъолияти ҳастаӣ, тартиби лағви таҳримҳо, дурнамои рушдифановариҳои ҳастаии Эрон ва механизми назорат аз болои иҷрои созиш меравад.

"ДАР ҲАМА ҲОЛАТ СОЗИШ ТАЪРИХӢ ХОҲАД БУД"

Бино ба созиши ҳосилшуда, Эрон бояд фаъолиятҳои ҳастаияшро дар ивази лағви таҳримҳои байнулмилалӣ маҳдуд кунад. Ҷонибҳо ҳанӯз дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария розӣ шуда буданд, ки Эрон шумораи сентрифугаҳо барои ғанисозии ураниумро аз 19 ҳазор феълӣ то 6 ҳазор адад коҳиш медиҳад. Эрон бояд захираҳои ураниуми ғанишудаашро, ки дар сурати ғализтар кардан аз он метавон бомби ҳастаӣ сохт, аз 7 тонна то 350 кило кам кунад.

Дар ҳамин хабаргузориҳо баъзе аз ҷузъиёти дигари марбут ба созишро ошкор карданд.

Гуфта мешавад, ки баъд аз хатми музокирот миёни Эрон ва «панҷ ба изофаи як» тарҳи созиш барои тасдиқи билофосила ба Шӯрои амнияти СММ фиристода мешавад. Созиш 90 рӯз баъд аз қабули қатъномаи нави Шӯрои амният ба ҳукми қонун медарояд.

Ҳайатҳои Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ дасти кам як бор дар ду сол барои мониторинги иҷрои созиш ҷамъ меоянд. Ҳамоҳангсозии коми комиссиюн оид ба ҳалли баҳсҳо оид ба барномаи ҳастаии Эрон бар дӯши Федерика Могеринӣ вогузор шудааст. Дар комиссиюн ҳама ширкаткунандагони музокироти ҳастаӣ ва Иттиҳодияи Аврупо ҳаққи овозро хоҳанд дошт.

Манбаъҳои дипломатии Рейтер дар Вена гуфтаанд, Эрон розӣ шуд, ки дар сурати аз сӯи ӯ иҷро нашудани созиши ҳастаӣ тайи 65 рӯз таҳримҳои СММ алайҳи кишвар эҳё карда шаванд.

Бино ба хабарҳо, дар тарҳи созиш таъкид шудааст, ки маҳдудият дар таҳқиқоти илмии барномаи ҳастаии Эрон 8 сол идома хоҳад кард. Эрон ҳамчунин бо он мувофиқат кардааст, ки тайи 15 соли оянда уранро аз 3,67 дар сад бештар ғанӣ нагардонад.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, изҳор намуд, ки таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Эрон билофосила лағв карда хоҳанд шуд.

Зимнан, лағви таҳримҳо ба маънои эҳёи ҳамкориҳои энерҷии Теҳрон ва Иттиҳодияи Аврупост - то эълони таҳримҳо дар се соли пеш 20 дар сади нафту гази Эрон ба Авруспо содирот мешуд. Ҳамчунин аз байн бурдани маҳдудиятҳо имкони фурӯхтани маводи сӯхти эронӣ ба кишварҳои Осиёро афзоиш медиҳад - бархе аз кишварҳои ин қора зери фишори ИМА хариди нафти Эронро коҳиш дода буданд.

Ҳамчунин маҳдудиятҳое, ки ИМА барои ҳамкорӣ бо Эрон дар соҳаи авиатсияи шаҳрвандӣ ҷорӣ кардааст, аз байн бардошта мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, агар Конгресси ИМА аз созиши ҳастаӣ пуштибонӣ накунанд, Эрон чун пештара зери таҳримҳои Кохи Сафед боқӣ хоҳад монд.

Гуфта мешавад, ки эмбаргои фурӯши силоҳ ба Эрон тайи панҷ сол лағв карда хоҳад шуд.

Ба ҳар сурат, ба гуфтаи таҳлилгарон, ҳама гуна созиши ҳосилшуда таърихӣ хоҳад буд, зеро бар пояи он, на фақат тиҷорат бо Эрон шурӯъ мешавад, балки гуфтугӯҳо дар мавриди муборизаи муштарак бо гурӯҳи ифротии "Давлати исломӣ" ҳам оғоз хоҳад ёфт.

"БА ҲАМА ҚОНУНИ ЗИДДИ СОЗИШИ ҲАСТАӢ ВЕТО МЕГУЗОРАМ"

Барак Обама

Барак Обама

Барак Обама, раисҷумҳури ИМА, рӯзи 14 июл аз ҳосил шудани созиши ҳастаӣ бо Эрон истиқбол кард ва гуфт, ки “мо аз паҳншавии силоҳи ҳастаӣ дар Ховари Миёна ҷилавгирӣ кардем”. Ӯ афзуд, ки ин созиш аз сӯи ҷомеъаи байнулмилалӣ комилан пуштибонӣ мешавад. Ягон созиш маънои ба муддати тулонӣ маҳдуд шудани барномаи ҳастаии Эронро надорад, гуфт Барак Обама ва афзуд, ба ҳама қонуне, ки алайҳи татбиқи созиши ҳастаӣ қабул мешавад, вето мегузорад.

Аммо Бенямин Нетаняху, нахуствазири Исроил, созиши ҳастаӣ бо Эронро "иштибоҳи таърихӣ" номид ва гуфт, ки Эрон ба талошҳояш барои соҳиби силоҳи ҳастаӣ шудан идома хоҳад дод. Баъзе аз маҳдудиятҳое, ки садди роҳи Эрон барои расидан ба ин ҳадаф буданд, аз байн бардошта шудаанд, мегӯяд Нетаняху. Ӯ мутмаин аст, "садҳо миллиард долларе, ки Эрон аз ин созиш фоида мегирад, ба Теҳрон имкон медиҳанд, ки таҷовузкориву террорро дар минтақа ва дар ҷаҳон идома диҳад".

Дар ҳамин ҳол Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, изҳор намуд, ки Теҳрон ҳеҷ гоҳ дар талоши сохти силоҳи ҳастаӣ набуд ва ҳеҷ гоҳ барои ин талош ҳам нахоҳад кард. Ӯ аз созиши ҳастаӣ истиқбол кард ва гуфт, "барои мо дар баҳси эътимод иҷрои ин тавофуқ оғози як имтиҳон аст. Агар ин тавофуқ бадиққат ва хубӣ иҷро шуд, қадам ба қадам иҷрои он метавонад ором-ором хиштҳои девори беэътимодиро бардорад".

Аз ин пештар Эрон ва гурӯҳи 5+1 санади садсаҳифагиро таҳия карданд, ки дар он ҳама ҷузъиёти шартҳои коҳиши барномаи ҳастаии Эрон ва лағви таҳримҳои байнулмилалӣ оварда шудааст.

ЭРОН БА БОЗОР ЯК МИЛЛИОН БУШКА НАФТ МЕБАРОРАД

Хабари имзои созиши ҳастаӣ боиси поийн рафтани қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ шуд. Ба иттилои хабаргузории Bloomberg, баробари нашри хабар дар бораи ҳосили созиш дар Вена рӯзи сешанбе қимати нафти навъи Brent 2,1 дар сад коҳиш ёфт ва бо қимати $56,63 барои як бушка фурӯхта мешуд, қимати нафти WTI 2,3 дар сад кам шуд ва ҳоло қиматаш $50,95 барои як бушка аст.

Моҳи гузашта вазири нафти Эрон Бежан Номдор Зангана изҳор намуд, ки Эрон баъд аз лағви таҳримҳои байнулмилалӣ метавонад содироти нафтро то як миллион бушка дар як шабонарӯз боло барад. Имсол содироти нафт аз Эрон аз марзи 1 миллион бушка дар як шабонарӯз гузашт ва Теҳрон мехоҳад, ки онро ду баробар афзоиш диҳад.

Дар ҳамин ҳол мутахассисони бонкҳои маъруф Goldman Sachs, Bank of America ва Societe Generale афзоиши билофосилаи содироти нафти эрониро зери суол мебаранд. Ба ақидаи онҳо, боло бурдани содирот қабл аз ҳама истихроҷи иловагии “тиллои сиёҳ”-ро талаб мекунад.

Мутахассисони бонкҳо ҳисоб кардаанд, ки Эрон бояд истихроҷи шабонарӯзии нафтро дасти кам то 500 ҳазор бушка афзоиш диҳад, ки барои ин аз 6 то 12 моҳ вақт зарур аст.

Муовини вазири нафти Эрон Мансур Муаззамӣ дар сӯҳбат бо нашрияи WSJ гуфтааст, “мо монанди халабон дар майдони парвоз омодаем, ки ҳар лаҳза парвоз кунем. Айни ҳол ҳама кишвар дар ҳамин гуна вазъ қарор дорад”. Манзур аз ин гуфтаҳо омодагии Эрон барои дар кӯтоҳтарин мӯҳлат афзоиш додани содироти нафт ба бозор аст.

Дар маҳофили таҳлилгарон, дар мавриди имкониятҳои Теҳрон барои ба бозор ба таври иловагӣ баровардани як миллоин бушка нафт назари воҳид мавҷуд нест. Баъзеҳо ба он нукта ишора мекунанд, ки Эрон дар анборҳои маводи сӯхт аз 7 то 35 миллион бушка нафт захира кардааст ва метавонад онро зуд вориди бозор кунад.

ДАЛЛОЛҲО АЗ СОЗИШ БО ЭРОН НОРОЗИЯНД

Таҳлилгарон мегӯянд, ки аз созиши ҳастаӣ аксари шаҳрвандони Эрон истиқбол хоҳанд кард – ҳатто имзои созиши пешакӣ ва натиҷаҳои нишаст дар шаҳри Лозанна боиси ба хиёбонҳо рехтану нишоти мардум шуда буд. Имзои созиш боиси бурунрафти Эрон аз инзивоъ ва бӯҳрони иқтисодӣ хоҳад шуд ва эрониҳо имкони сафар ба дигар кишварҳову таҳсил дар донишгоҳҳои ғарбиро пайдо хоҳад кард. Аммо, аз нигоҳи Фаридун Хованд, таҳлилгари сиёсии муқими шаҳри Порис, албатта, дар Эрон гурӯҳҳое ҳам ҳастанд, ки аз созиш норозиянд – онҳо қабл аз ҳам афродеанд, ки замони таҳримҳо ва фишори иқтисодӣ болои Эрон миёни кишвар ва давлатҳои ҳамсоя даллолӣ мекарданд.

Фаридун Хованд

Фаридун Хованд

Мусоҳиби мо меафзояд, ки Туркия ва Аморати Муттаҳидаи Араб, ду кишвари ҳамсояи Эрон, ҳам аз ин созиш чандон хуш нахоҳанд буд, зеро замони таҳримҳо онҳо купруке миёни Теҳрон ва дунёи хориҷ буданд ва бонкҳову гурӯҳҳои алоҳидаи даллол аз ин миёнаравӣ суди фаровон мебардоштанд. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи таҳлилгар, Туркияву Иморати Муттаҳидаи Араб ҳам мехоҳанд, ки Эрони ҳамсоя пешрафта, озод ва бидуни мушкил бо дигар мамолик бошад.

Дигар кишваре, ки аз созиши ҳастаӣ сахт нороҳат аст, албатта, Арабистони Саъудист, мегӯяд Фаридуни Хованд. Ар-Риёз аз он нигарон аст, ки Эрон ҷойгоҳи худашро ба унвони як қудрати минтақаӣ дубора пайдо мекунад ва кӯмаку сариоягузорӣ ба гурӯҳҳои шиъа дар Сурияву Яман ва дигар кишварҳои минтақаро афзоиш хоҳад дод.

ЭРОН БА ТОҶИКИСТОН БАРМЕГАРДАД?

Фаридун Хованд ҳадс мезанад, ки Эрон баъд аз лағви таҳримҳо шояд барномаҳои навро дар Осиёи Марказӣ рӯи даст бигирад. Ба гуфтаи ӯ, “агар бори таҳримҳо аз дӯши Эрон бардошта шавад, чун барои Теҳрон Осиёи Марказӣ ва Афғонистон манотиқи стратегӣ ва ҳассосе ҳастанд, нуфузаш ба ин минтақаҳо бармегардад”.

Нақби "Истиқлол"

Нақби "Истиқлол"

Таҳлилгар иқрор мекунад, ки бар асари таҳримҳои байнулмилалӣ, ки иқтисоди Эронро заъиф кардаанд, ва пойин рафтани қимати нафт Теҳрон ба мушкили ҷиддӣ мувоҷеҳ шуд ва таваҷҷуҳаш ба бархе кишварҳо, аз ҷумла, давлатҳои Осиёи Марказӣ коҳиш ёфт. Раисиҷумҳури пешин Маҳмуди Аҳмадинажод пайваста ба минтақа, аз ҷумла, ба Тоҷикистон сафар мекард ва маҳсули ин сафарҳо тарҳҳои зиёде, аз ҷумла, бунёди нерӯгоҳи “Сантуда-2” ва идомаи сохтмони нақби “Истиқбол” дар ағбаи Анзоб буд, ҳарчанд ахирӣ, аз тарҳҳои номуваффақи Теҳрон дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ба гуфтаи Фаридун Хованд, “дар давраи Маҳмуди Аҳмадинажод имкониятҳои Эрон хело зиёд буд ва аз ҷумла, аз содироти нафт дар маҷмӯъ тақрибан 700 миллиард доллар фойида гирифт ва бахше аз ин маблағҳоро дар ростои сиёсати хориҷӣ масраф мекард”.

Аз нигоҳи таҳлилгар, ҳоло дар бораи тарҳҳои мушаххаси Теҳрон дар Осиёи Марказӣ ҳарф задан барвақт аст ва ҳадди аққал лағви таҳримҳои байнулмилалиро интизор бояд шуд. Аммо, аз нигоҳи Фаридуни Хованд, ин тарҳҳо марбут ба ҳамлу нақл, бунёди роҳи оҳану ҷодаҳо, эҳтимолан ширкат дар тарҳи Роҳи бузурги абрешим, ки чиноиҳо алҳол дар тадорукаш ҳастанд, ҳамчунин дар арсаи нафту энерҷӣ, тавлиди нерӯи барқ, бунёди манзил ва истихроҷи маъдан хоҳанд буд. Аз сӯи дигар, ӯ ба сафари ахири Ҳасани Рӯҳонӣ ба Туркманистон қабл аз Наврӯз ишора мекунад, ки дар он гап на сари тарҳҳои Эрон дар ин кишвар, балки сари мавзӯи интиқоли гази Туркманистон ба дигар кишварҳои тавассути хоки Эрон рафта буд. Зимнан, бархе аз манбаъҳои огаҳ мегӯянд, ки Эрон бунёди манзилҳои замонавӣ ва ҳатто шаҳракеро дар пойтахти Тоҷикистон дар нақша дорад.

Ба гуфтаи Фаридун Хованд, лағви таҳримҳои байналмилалӣ ба Эрон имкон медиҳад, ки ҳамкорӣ бо ду кишвари форсизабон - Тоҷикистону Афғонистон дар арсаҳои фарҳангиву донишгоҳиро тақвият бубахшад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG