Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳайатҳои намояндагии шаш қудрати ҷаҳонӣ ва Эрон дар музокироти ҳастаӣ роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон ба тавофуқ наздик шудаанд. 14 июл як намояндаи Эрон, ки аз худ ном набурд, ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки “ҳамаи корҳои душвор паси сар шуд ва мо созишномаро чоп кардаем”.

Хабаргузории Ассошиейтед Пресс аз қавли як намояндаи Ғарб гуфтааст, ки монеаҳои ахир аз миён бардошта шудааст. Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, ки вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои панҷ бар иловаи як, яъне Британияву Чин, Фаронсаву Олмон ва Русияву Амрико бояд мулоқоти ахири худро баргузор кунанд.

Оғози ин мулоқот барои соати 10:30 ба вақти Аврупо дар назар гирифта шудааст. Ҳайатҳо дар Вена-пойтахти Австрия 18 рӯз мулоқот карданд ва дар бораи маҳдудияти барномаҳои ҳастаии Эрон ба созиш расидаанд. Дар ивази маҳдудияти барномаҳои ҳастаии Эрон Ғарб таҳримҳои зидди Эронро сабуктар мекунад.

XS
SM
MD
LG