Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

9 июл дар меҳмонсарои “Шератон”-и шаҳри Уфаи Бошқирдистон намоишгоҳи осори наққошони тоҷик баргузор шуд. Ин намоишгоҳ ҳамзамон дар рӯзҳое баргузор гардид, ки дар ин меҳмонсаро мулоқоти раҳбарони кишварҳои Созмони Ҳамкории Шонгҳой, БРИКС ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё анҷом гирифт ва дар он Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ иштирок дошт.

Ин намоишгоҳро сафорати Тоҷикистон дар Русия якҷоя бо Юлия Вербитская, шаҳрванди Русия ва раиси додгоҳи ширкатҳои бинокории Маскав бо номи Третейск созмон доданд. Намоишгоҳ “Шоҳкориҳои чеҳранигорӣ дар кишвари кӯҳистонӣ - Тоҷикистон” ном дошт.

Ин намоишгоҳро раисони ҷумҳури Тоҷикистону Бошқирдистон Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Ҳамидов ифтитоҳ намуданд. Дар намоишгоҳ Юлия Вербитская осори наққошони машҳури муосир Зуҳур Ҳабибуллоев, Акмал Миршакар, Алексей Бесперстов, СабзалӣШарипов, Муриват Бекназаров, Раҳим Сафаров,Александр Акилов, Любовь Фроликова ва амсоли онро ба намоиш гузошт.

Ин осори наққоширо Вербитская дар давоми панҷ соли охир аз ҳар ҷо, аз ҷумла дар Тоҷикистон гирдоварӣ ё харидорӣ кардааст ва акнун дар осорхонаи шахсии вай дар Маскав ҳудуди 300 асари наққошони тоҷик нигаҳдорӣ мешавад. Ин асарҳоро Юлия Вербитская гаҳ-гоҳе дар маҳфилҳои ҳунариву фарҳангӣ ё дар ҷараёни мулоқотҳои муҳими байналмиллалӣ, аз қабили мулоқотҳои ахири Уфа ба намоиш мегузорад.

Чунин намоишгоҳҳо омили муҳими боло рафтани эътибори тоҷикон ва ҳунари онҳо дар арсаи байналмиллалӣ мебошад.

Юлия Вербитская бо таърихи ҳунари наққошӣ дар Венетсияи Италия ошно шудааст. Дар давраҳои мухсуси омӯзишӣ аҳамияти осори наққошӣ ва сатҳи ҳунари офарандагони чунин осорро омӯхтааст. Баъд аз он барои ошноӣ бо вазъи ҳунари наққошӣ ба кишварҳои Шӯравии пешин сафар кардааст. Вале панҷ сол пеш, вақте ки бори аввал аз Душанбе боздид кард, таваҷҷуҳи вайро осори наққошони тоҷик ба худ кашид. Ӯ мегӯяд, то он вақт дар бораи Тоҷикистон ва фарҳангу ҳунари он маълумот надоштааст: “Ман дар Душанбе устохонаи наққош Зуҳур Ҳабибуллоевро пайдо кардам. Вақте бо корҳои вай ошно шудам ва омӯзиши онро шурӯъ кардам, дарёфтам, ки ҳунари наққошии қарни 20 дар Тоҷикистон комилан як падидаи камназиру камёб аст. Бо назардошти суннатҳои исломӣ то солҳои сиюми қарни 20 дар Тоҷикистон кашидани тасвири инсон ҷоиз набуд. Вале баъд аз таҳкими ҳукумати Шӯравӣ ин ақида пайдо шуд, ки бояд зиндагии воқеии одамон дар тасвирҳо нишон дода шавад.”

Аз 1940 то 1990-и қарни гузашта барои Тоҷикистон марҳилаи эҳёи ҳунари наққошӣ ва пештозоне мисли Зуҳур Ҳабибуллоев ва Эрвин Гофман, Сабзалӣ Шарипов, Раҳим Назаров, Акмал Идрисов дастпарварони ҳамин марҳила ба шумор мераванд. Вербитская мегӯяд, дар ҳамин давра Зуҳур Ҳабибуллоев асари наққошии худ “Ғиҷҷак” - асбоби мусиқиро офарид, ки асари сатҳи ҷаҳонӣ ва камназир ба шумор меравад. Ин асар соли 1961 офарида шудааст ва таърихи ҷолиб дорад. Бо вуҷуди он ки андозаи ин асар бузург нест ва андозааш 60 х 60 сантиметрро ташкил медиҳад ва аз корҳои давраи ҷавонии наққош аст, акнун шоҳкор эътироф гардидааст.

Вербитская мегӯяд, ҳайате аз вазорати фарҳанги Шӯравии вақт дар ҷараёни боздид аз Тоҷикистон дар намоишгоҳи Душанбе ин асарро дидаанд ва ва ба ҳунари наққош арзиши баланд қоил шудаанд. Онҳо ин асарро бо худ ба Маскав овардаанд ва дар намоишгоҳи Третяков як ҷо бо осори наққошони номдори вақти Шӯравӣ ба намоиш гузоштаанд.

Ҳоло Юлия Вербитская чун ҳунаршинос ҳудуди 300 асари наққошии Тоҷикистонро гирдоварӣ кардааст ва онҳоро дар ҷашнҳои фарҳангии тоҷикон дар Маскав ва шаҳрҳои дигари Русия ба намоиш мегузорад ва зимнан ҳунари наққошии тоҷикиро таблиғ мекунад.

Аз ҷумла, вай 10 июни соли ҷорӣ дар Хонаи Миллатҳои шаҳри Маскав дар шоми эҷодии Аниса Собирӣ - шоираи тоҷик, ки ба забони русӣ эҷод мекунад, осори Зуҳур Ҳабибуллаев, Сабзалӣ Шарипов, Муриват Бекназаров ва дигаронро ба намоиш гузошт.

Хонум Вербитская мегӯяд, вай дар ояндаи наздик ин асарҳоро дар Калининград ба намоиш мегузорад. Гузашта аз ин, ба нақша гирифтааст, ки намоиши онҳоро дар кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла дар Олмону Фаронса ва дар Италия низ ташкил кунад.

XS
SM
MD
LG