Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Минфар"-у "Фароз" 160 тонна шираи камол мегиранд


Имсол барои ҷамъоварии шираи камол дар кишвар ба ду ширкат "квота" дода шудааст. Хайрулло Ибодуллоҳзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, 14 июл дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ин ширкатҳо "Минфар" ва "Фароз" буда, дар маҷмуъ 160 тонна шираи камол ҷамъоварӣ хоҳанд кард. "Аз ин ҳисоб 100 тоннаро “Минфар” ва 60 тоннаро “Фароз” ҷамъ меоварад," -- шарҳ дод ӯ. Ба қавли Ибодуллоҳзода, ду ширкати тоҷикистонӣ барои ҷамъоварии шираи камол асосан афғонҳоро ҷалб кардаанд ва далелаш ҳам таҷрубадории онҳо будааст.

XS
SM
MD
LG