Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

16 сол зиндони размандаи собиқи ИНОТ


Ёрмаҳмад Сайфуллоев, сокини 46-солаи шаҳри Ваҳдат ва собиқ размандаи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик аз сӯи Додгоҳи шаҳри Душанбе ба 16 соли зиндон маҳкум шудааст. Дафтари матбуоти додгоҳи пойтахт 14 июл ба Озодӣ гуфт, ҳукми Сайфуллоев охирҳои моҳи июни соли ҷорӣ содир шуда, ӯ барои гаравгонгирии як устод ва донишҷӯи Донишгоҳи техникӣ ва талаби 250 ҳазор доллар дар ивази раҳоии онҳо дар соли 1999 айбдор гардидааст. Манбаъ гуфт, Ёрмаҳмад Сайфуллоев ҳамроҳ бо ду нафари дигар аз дастаи Раҳмоналӣ Шукуров як устод ва донишҷӯи Донишгоҳи техникиро боздошт карда, 11 шабонарӯз дар бинои вайронае дар Ромит 11 нигоҳ медоранд. "Аммо гаравгонҳо сарфи назар аз шароити танг ва талаби 250 ҳазор доллар аз наздиконашон бо пайдо намудани шароити мусоид бо сӯзан дастбандҳоро боз намуда, фирор мекунанд," -- афзуд дафтари матбуоти додгоҳи Душанбе. Баъд аз он, ин размандаи собиқи ИНОТ ба Русия рафта, моҳи январи соли ҷорӣ баъди бозгашташ аз муҳоҷират аз сӯи маъмурони пулиси шаҳри Ваҳдат дастгир шудааст.

XS
SM
MD
LG