Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии кулл алайҳи масъулони ширкатҳои “Зулола” ва “Анӯшервон” ба иттиҳоми пинҳон кардани 4,5 млн сомонӣ андози давлатӣ, парванда боз кардааст.

Додситонии кулл алайҳи се масъули ширкати “Зулола” ва “Анӯшервон”, ки дар ноҳияи Мӯъминобод сабт шуда, дар як тендер ё музоядаи Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон барои таъмини мактабҳо бо компютер ғолиб омада буданд, парвандаи нав боз кардааст. Як манбаъ дар Додситонии кулл рӯзи 13 июл гуфт, ҳоло Сӯҳроб Сатторов, Фирдавс Одинаев ва Баҳодур Шарифов барои гурез аз пардохти чоруним миллион сомонӣ андоз муттаҳам мешаванд. Ин парванда бар асоси моддаи 299, қисми 2-и қонуни ҷиноӣ боз шуда, 6 июл барои баррасӣ ба Додгоҳи олӣ ирсол гардидааст.

Манбаи мо дар Додситонии кулл афзуд, “онҳо дар ҳуҷҷатҳо маълумоти бардурӯғ пешниҳод карда, ба ин тариқ аз пардохти андоз гурехтаанд. Аммо дар ҷараёни тафтиши марбут ба парвандаи аввал ин ҳодиса низ ошкор шуд ва мо тақозо кардем, онҳо посухи ин кирдорашонро ҳам бигиранд.”

Дар парвандаи аввал масъулони ширкатҳои “Зулола” ва “Анӯшервон” барои пешниҳоди комютерҳои кӯҳна ва “пуч” ба мактабҳои миёнаи кишвар муттаҳам ва соли ҷорӣ аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 9 то 12 сол зиндонӣ шуданд. Худи тендер моҳи августи соли 2011 баргузор шуда, камбуди компютерҳо танҳо дар пайи шикояти омӯзгорони мактаб ва мудирони маорифи шаҳру навоҳӣ ошкор гардидааст.

Додгоҳи олӣ ҳангоми баррасии парвандаи аввали масъулони “Зулола” ва “Анӯшервон” гуфт, ки онҳо аз 19 миллион сомонӣ пули тендер ҳудуди ҳашт миллионашро аз худ кардаанд. Ба қавли мақомот, Сӯҳроб Сатторов, Фирдавс Одинаев ва Баҳодур Шарифов компютер ва принтерҳоро на аз рӯи тамғаҳои стандартӣ, балки бе нишонаи молӣ ва сохти истеҳсол ва теъдоде аз компютерҳои куҳнаро ба мактабҳо бурда ин маблағи ҷудошударо аз худ кардаанд.

Тафтишоти сесолаи Додситонии кулли Тоҷикистон дар мактабҳои миёнаи ҷумҳурӣ ва маорифи шаҳру навоҳӣ нишон додааст, ки баъзе аз компютерҳо ҳатто дохилашон холӣ буда, аслан истифода нашудаанд. Теъдоди дигар аз компютерҳо бо қисмҳои кӯҳнаву фарсуда ба мактабҳо дода шудааст ва омӯзгорон натавонистаанд мавриди истифода қарор диҳанд.

Як масъули шӯъбаи маориф дар ноҳияи Истравшан, ки нахост номаш бурда шавад чанде пеш дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ чунин хилофкориро тасдиқ кард ва гуфт, “мо ин компютерҳоро қабул кардем гуфта имзо кардем. Ҳамааш дар дохили қуттиҳо буд. Баъдтар бинем, даруни компютерҳо “пуч” баромад, протсессораш як қуттии холӣ будаасту бас.”

Таъмини мактабҳо бар пояи “Барномаи компютеркунонии мактабҳои Тоҷикистон аз соли 2011−2020” ҷараён мегирад. Ҳазинаи иҷрои ин барнома умдатан аз Фонди захиравии раисҷумҳури Тоҷикистон пардохт мешавад.

Барномаи компютеркунонии мактабҳо дар Тоҷикистон қариб пурра ба иҷро расидааст, аммо бинобар маҳдудияти интиқоли барқ дар шаш моҳи сарди сол ба манотиқи кившар хонандагон аз омӯзиши компютер маҳруманд. Дар мактабҳои Тоҷикистон омӯзиши компютер аз синфи 7 шурӯъ шуда, то синфи 11 идома мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG