Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 23 сарбоз аз фуруравии боми казарма


Бар асари фурӯрезии як бахш аз боми казармаи ҳарбӣ дар шаҳраки Светлий, воқеъ дар канори шаҳри Омски Русия, 23 сарбоз ба ҳалокат расидааст.

Дафтари матбуоти вазорати дифои Русия рӯзи 13 июл хабар дод, ки ҳамаи 42 низомӣ аз зери харобаҳо берун оварда шуданд. Ба иттилои расмӣ, 19 низомӣ бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд, се нафар захмҳои сабук бардоштаанд. Ахиран даҳ нафар аз осебдидаҳо тавассути ҳавопаймои боркаши низомӣ ба Маскав интиқол ёфтанд, қарор аст, ки ҳафт нафари дигар ҳам ба зудӣ аз Омск ба бемористонҳои пойтахти Русия фиристода шаванд.

Фоҷиа рӯзи якшанбе рӯй дод – яке аз қисматҳои бинои чаҳорошёнаи казармаи маркази таълимии Нерӯҳои десантии Русия дар шаҳраки Светлий фурӯ рехт. Ҳангоми ҳодиса дар казарма 337 сарбоз ҳузур доштанд.

Аз ин пеш намояндаи вазорати дифои Русия Игор Конашенков хабар дод, ки солҳои 2013-2014 ширкати “Ремэскстрой” аз шаҳри Нижний Новгород ин казармаро таъмир карда буд. Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG