Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бар асари ҳамлаи интиҳории рӯзи якшанбе дар вилояти Хуст дар ҷануби Афғонистон, наздик ба 30 нафар кушта шудаанд. Файзуллоҳ Ғайрат, фармондеҳи амнияти вилояти Хуст рӯзи 13 июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамлаварон як мошини пур аз маводи таркандаро дар девори постгоҳи нерӯҳои амниятии фурудгоҳи ин вилоят ба кор дароварданд. Ин ҳамла дар наздикии як пойгоҳи нерӯҳои амрикоӣ сурат гирифтааст. Оқои Ғайрат гуфт, ки бар асоси маълумоти ибтидоӣ, ҳадди ақал 25 нафар кушта шуда ва беш аз 11 тани дигар захмӣ шудаанд. Аммо як мақоми амниятии дигар, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шумораи кушташудаҳо ба 30 нафар мерасад. Масъулони беморхонаи вилоятии Хуст ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки 17 ҷасад ва се захмӣ ба ин бемористон интиқол дода шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, яке аз захмиҳо дар бемористон ҷон додааст. Масъулони бемористон гуфтаанд, ки аксари қурбониёнро занон ва кӯдакон ташкил медиҳанд ва ҷасадҳои онҳо сӯхтаанд. Масъулияти ин ҳамларо то ба ҳол ҳеҷ гурӯҳи ба дӯш нагирифтааст, аммо дар гузашта гурӯҳи Толибон масъулияти чунин ҳамлаҳоро пазируфта буд.

XS
SM
MD
LG