Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷустуҷӯи 3 сокини Хатлон барои ҳамкорӣ бо Гурӯҳи 24


Додситонии вилояти Хатлон мегӯяд, ки се нафар аз сокинони ин вилоят барои ҳамкорӣ бо "Гурӯҳи 24" дар пайгарди қонунӣ қарор доранд. Ин матлабро Насрулло Маҳмудов, додситони вилояти Хатлон рӯзи 13 июл зимни нишасти хабарӣ эълон дошт ва гуфт, ки инчунин дигар афроде, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ шомил мебошад, мавриди ҷустуҷӯ мебошанд.

Ба гуфтаи оқои Маҳмудов, то имрӯз 5 нафар аз сокинони вилоят, ки ба ҳадафи ширкат дар ҷанг ба Сурия рафта буданд, аз он кишвар ва Туркия ба Тоҷикистон баргаштаанд ва мавриди афв қарор гирифтанд. Тибқи иттилои додситонии Хатлон, бар асоси баровардаҳои онҳо, танҳо аз ин вилоят 150 нафар дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ширкат доранд. Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта пулиси шаҳри Қӯрғонтеппа гуфта буд, ки ҳудуди 200 нафар аз вилояти Хатлон дар Сурия ва Ироқ ҳузур доранд ва 30 нафари онҳо кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG