Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти тарафдорони “Ҷундуллоҳ” дар Суғд


Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти пайравони "Ҷундуллоҳ" дар шимоли кишвар хабар дод, ки барои барангехтани кинаву адовати динӣ ва қасди сарнагунии ҳукумати конститутсионӣ айбдор мешаванд. Дафтари матбуоти Оҷонсӣ рӯзи 13 июл гуфт, боздошти Муҳаммадшодӣ Ғафурҷонов, Азизҷон Рӯзиев ва ҳамроҳони онҳо дар пайи пайдо шудани як "микрокартаи хотиравӣ" бо сабтҳои даъвати амири Ҳаракати Исломии Узбакистон - "Ҷундуллоҳ" Муҳаммад Тоҳир имконпазир гардидааст.

Ин ниҳод мегӯяд, "микрокартаи хотиравӣ"-ро аз манзили Маҳкамбой Анорқулов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров​, дарёфт карда, аммо баъдан муайян кардаанд, ки он ба Муҳаммадшодӣ Ғафурҷонов, сокини деҳаи Узбекқишлоқи ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов ​тааллуқ доштааст. Ба иттилои Оҷонсӣ, "ӯ аз моҳи августи соли 2014 то замони боздошт сабтҳои амир ва дигар аъзои Ҳаракати Исломии Узбекистон - "Ҷундуллоҳ"-ро ба даст оварда, бо воситаи сомонаи интернетии "Содиқлар" тариқи "СМС" ва ба воситаи ҳамдеҳааш бо номи "Урунбек", ки дар амалиёти ҷангии Давлати исломии Сурия иштирок дорад, бо телефони мобилӣ ҳамсуҳбат шуда, барои амали намудани мақсадҳои ҷинояткорона роҳу усули ба онҳо ҳамроҳ шуданро ҷустуҷӯ мекард."

Ба иттилои Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Муҳаммадшодӣ Ғафурҷонов барои амалӣ кардани "нақшаҳояш" сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов -- Азизҷон Рӯзиев, Иброҳим Ашарапов ва "Мурод" ном шахсро ҷалб кардааст. Ҳоло нисбат ба Муҳаммадшодӣ Ғафурҷонов бо моддаҳои 189 қисми 1 ва 307 қисми 2 банди “г”, нисбат ба Азизҷон Рӯзиев ва дигар ҳамроҳонаш бо моддаи 347 қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

XS
SM
MD
LG