Пайвандҳои дастрасӣ

Бекор шудани 17 парвандаи ҷиноӣ дар Додгоҳи олӣ


Шермуҳаммади Шоҳиён

Шермуҳаммади Шоҳиён

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, гуфт, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ 17 парванда нисбат ба 19 нафар, бинобар нодуруст татбиқ гардидани қонуни ҷиноӣ, бекор шудааст. Оқои Шоҳиён ин ҳарфҳоро дар нишасти хабарии 13 июл дар Душанбе баён дошт. Ӯ гуфт, "бекор шудани парвандаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки додрасҳо дар зинаҳои поёнӣ дуруст парвандаҳоро баррасӣ намекунанд". Дар маҷмӯъ, дар ин муддат 111 парвандаи ҷиноӣ нисбат ба 159 нафар дар Додгоҳи олӣ баррасӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG