Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ва гурӯҳи 5+1 ба созиш наздиктар шудаанд


Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ дар музокирот бар сари барномаҳои атомии Эрон ва расидан ба тавофуқ наздиктар шудаанд. Тарафҳо аҳд додаанд, ки то рӯзи 13-уми июл созишро имзо кунанд, вале Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, ки баъзе аз масоили мушкил миёни Эрон ва гурӯҳи 5+1 боқӣ мондааст. Ба ин гурӯҳ, Чину Фаронса, Амрикову Русия ва Олмону Бритониё шомил ҳастанд. Ҷон Керрӣ рӯзи 12-уми июл ба хабарнигорон гуфт, “Фикр мекунам, мо баъзе аз қарорҳои воқеиро қабул мекунем.” Ӯ афзуд, “чанд кори сахт” боқӣ мондааст, вале умедвор аст, ки тавофуқ ҳосил мешавад. Як аломати он ки эҳтимолан созиш ба даст меояд, ин аст, ки Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ва Ван Йӣ, ҳамтои ӯ аз Чин барои пайвастан ба музокирот ба Вена пойтахти Австрия бармегарданд. Дар сурати созиш, Эрон бояд фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд кунад ва дар иваз қудратҳои ҷаҳонӣ таҳримоти байналмилалии иқтисодӣ алайҳи ин кишварро аз байн мебардоранд.

XS
SM
MD
LG