Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангҷӯён 4 сарбози покистониро куштанд


Артиши Покистон мегӯяд, дар натиҷаи даргириҳои шаби гузашта дар минтақаҳои қабоилнишин 4 сарбозашро талаф додааст. Дар баёнияи артиш аз рӯзи 12-уми июл омадааст, Толибони Покистон нимашаби 11-уми июл ба як посгоҳи сарбозон дар Вазиристони Ҷанубӣ дар марзи Афғонистон ҳамла кардаанд ва нӯҳ нафарашон зимни муқовимати сарбозон кушта шудаанд. Артиши Покистон соли гузашта амалиётеро барои маҳви Толибон ва ҷангҷӯёни шарики Ал-Қоида оғоз кард. Вазиристон яке аз паноҳгоҳҳо ва такягоҳи асосии Толибони Покистону шарикони Ал-Қоида аст.

XS
SM
MD
LG