Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи музокироти Эрону қудратҳои ҷаҳонӣ


Музокирот дар яке аз меҳмонсароҳои боҳашамати Вена идома дорад.

Музокирот дар яке аз меҳмонсароҳои боҳашамати Вена идома дорад.

Дар шаҳри Вена, пойтахти Австрия, дипломатҳои 6 қудрати ҷаҳонӣ ва Эрон то нимашаби 11-уми июл доир ба тавофуқи ниҳоӣ бар сари барномаҳои атомии Эрон гуфтӯгу кардаанд. Тарафҳо азм доранд то рӯзи 13-уми июл ин созиши ниҳоӣ ба даст биёяд. Ба гуфтаи дипломатҳо, баъди мулоқотҳои пурғалоғулаи дуҷониба ва чандҷониба 98 дар сади матни созишро мувофиқа кардаанд. Вале ду ё се ихтилофи назар аз ҷумла дар бораи мӯҳлати эътибори тавофуқ ва бардошти таҳримоти байналмилалии таслиҳотӣ боқӣ мондааст ва музокиракунандагони Эрон бо намояндагони Амрикову Чин, Фаронсаву Русия ва Бритониё рӯзи 12-уми июл ҳамин масъалаҳоро баррасӣ мекунанд. Ин кишварҳо мехоҳанд, Эрон фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд кунад ва дар ивази дардноки иқтисодӣ алайҳи кишвар аз байн бардошта шавад.

XS
SM
MD
LG