Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти Юнонро дар Брюссел баррасӣ мекунанд


Пулҳои нақди бонкҳои Юнон дар ҳоли тамом шуданд аст ва мардуми бознишаста ноумедона барои гирифтани ҳаққи нафақа талош доранд.
Пулҳои нақди бонкҳои Юнон дар ҳоли тамом шуданд аст ва мардуми бознишаста ноумедона барои гирифтани ҳаққи нафақа талош доранд.

Қарор аст, имрӯз 12-уми июл дар шаҳри Брюссел мулоқоти вазири молияи Юнон бо ҳамкоронаш аз ҳавзаи евро дар бораи кӯмаки молӣ ба Юнон ва наҷот додани он муфлисӣ идома кунад. Мулоқот чанд сол пеш аз нишасти сарони 28 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо шурӯъ мешавад ва имрӯз зарбулаҷали охирин барои Юнон аст, ки барномаи ислоҳот дар ивази кӯмакҳои молиро қабул кунад. Дар нишасти сарони кишварҳои узви иттиҳодия сарнавишти ояндаи Юнон баррасӣ мешавад. Дар гуфтӯгуҳои 9 соата дар рӯзи 11-уми июл, ки то нимашаби 12-уми июл идома кард, тарафҳо бе пешрафти ҷиддие ноил нашудаанд.

XS
SM
MD
LG