Пайвандҳои дастрасӣ

Хона ба хона. Мақомот дар "меҳмонӣ"-и ҳар як оила


Акс аз бойгонии торнамои Радиои Озодӣ

Акс аз бойгонии торнамои Радиои Озодӣ

Як гуруҳи вижаи иборат аз кормандони Кумитаи занон, ҷавонон, мақомоти иҷроия ва равоншиносону ҳуқуқдонҳо ба хонаи ҳар як сокини кишвар рафта, аз онҳо ба чанд савол ҷавоб хоҳанд гирифт.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки бо ҳадафи шиносоии наздик бо вазъи зиндагии мардум ва бахусус хонаводаҳои камбизоат ва осебпазир дар ним соли гузашта меҳмони 30 ҳазор хонавода шуда ва бо онҳо сӯҳбатҳои рӯ ба рӯ анҷом додаанд. Мулоқот бо ин хонаводаҳо дар доираи барномаи "Хона ба хона" сурат мегирад, ки ба гуфтаи мақомот ҳадафаш омӯхтани сатҳи зиндагии хонаводаҳост. Дар ин муддат ба 40 нафаре, ки дар воқеъ мӯҳтоҷ будаанд, ёрии моливу моддӣ расондаанд.

Аммо коршиносон мегӯянд, зоҳиран нигаронӣ аз гароиши ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои тундрав ва тарс аз тавсеаи ифротгароӣ мақомотро водор кардааст, ки барои ҷилавгирӣ аз ин раванд, тарғиботи хона ба хонаро ба роҳ андозанд.

Маҳбуба Азимова, як масъули Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон рӯзи 11 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, барномаи "Хона ба хона" якҷоя бо Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ анҷом мешавад ва ба ин гурӯҳ занони фаъол, намояндагони мақомоти иҷроия, ҳуқуқдонҳову равоншиносон шомил ҳастанд.

"Китобе ташкил шудааст, ки ҳамин рӯз ба кадом хона медароянд. Дар оила чанд нафар зиндагӣ мекунанд, чӣ гуна оила аст сабт мегардад. Дар ҳолате ки ниёз ба ёрии равоншиносон ва ҳуқуқшиносон пайдо шавад, ҳамзамон ин кумак расонда мешавад. Ҳадафи мо дарёфти маълумот дар мавриди он ки дар чанд оила муҳоҷири меҳнатӣ аст ва оё кӯдаконе, ки волидайнашон дар муҳоҷиратанд, дар кадом вазъият ба сар мебаранд," -- афзуд ӯ. Айни замон, ба гуфтаи Маҳбуба Азимова, ба аъзои ин хонаводаҳо масъалаи иҷрои қонунҳои масъулияти падару модар, озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои дини низ фаҳмонда мешавад.

Гулрафтор Мирзоева, сокини 45-солаи шаҳри Душанбе, мегӯяд, чанд рӯзи пеш намояндагони мақомот ба хонааш “меҳмон” шудаанд. Ӯ гуфт, "аввал дар мавриди шароити зиндагӣ пурсиданд. Писари калониям чанд сол боз дар Русия кор мекунад. Пурсиданд, ки кай бори охир бо ӯ тамос доштем? Албатта дар, аввал каме нигарон шудам, вале баъдан бароям фаҳмонданд, ки ҳеч ҷойи ташвиш нест."

Масъалаи дигаре, ки ҳангоми мулоқот бо мардум баррасӣ мешавад, хушунати хонаводагӣ ва зӯроварӣ ба занон аст, ки дар Тоҷикистон ба қавле расм шудааст. Дар кишвар даҳҳо нафар, бахусус занону духтарон, ё аз зулму ҷабри шавҳар ва ё хешу табор худкушӣ мекунанд. Бино ба омори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар соли 2014 беш аз 500 сокини кишвар, аз ҷумла 95 ноболиғ даст ба худкушӣ задаанд.

Нодира Мирзозода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд дар нишасти хабарии 10 июл дар Хуҷанд гуфт, дар ин минтақа ба даҳҳо хона рафта ва бо аъзои оилаҳо ва бахусус занон сӯҳбат кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин гуна сӯҳбатҳо занон бозтаранд ва беихтиёр дарди дилашонро мегӯянд: "Таъкид мекунам, ки ҳамин панҷ нафар ба хона рафтан зарур нест, бигзор як ё ду нафар раванд. Аз таги дар рафта дарҳол дар хонаи ту ҷинояткор ҳаст ё нест? Нафаре худкушӣ кардааст ё не? нагуфта, аввал аҳволи хонадон ва фарзандонро бояд пурсид. Дар ҷараёни сӯҳбат худи зан ҳар чизе дар дилаш ҳаст, хоҳад гуфт."

Ҷомеашиносони тоҷик ҳарчанд роҳандозии чунин иқдомро хуб арзёбӣ мекунанд, вале мегӯянд, чунин сӯҳбатҳо наметавонанд, мушкилоти хонаводаҳоро аз байн бубаранд. Сурайёи Шуҷоат, коршиноси тоҷик, гуфт, ки ба ҷойи чунин гуфтугӯҳои ба қавле “хушку холӣ” агар ҷойҳои кории муносиб дар кишвар омода шавад, таъсираш бамаротиб боло хоҳад буд. “Дуруст аст, ки бо роҳи сӯҳбат як навъ маълумотнокиро метавон боло бурд, вале мушкилро аз байн бурдан намешавад. Роҳи ҳалли мушкилот имрӯз фароҳам кардани ҷойҳои корист. Аз истиқлолияти мо 24 сол сипарӣ шуд ва ҳоло вақти он расидааст, ки ақаллан 50 дарсади ҷавонони тоҷик бо ҷойи кор таъмин бошанд. Коре, ки ҳадди аққал 1000 сомонӣ маош дошта бошад,” -- хулоса кард Сурайёи Шуҷоат.

Вале мақомоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯянд, аз ҳоло ҳосили мулоқоти “хона ба хона”-ро мебинанд ва аз ин барнома интизории зиёд доранд. Ба қавли масъулони ин ниҳод, барои аввалин бор дар нимсолаи аввал дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта пошхӯрии хонаводаҳо 127 ҳолат камтар шудааст, ҳарчанд дар даҳ соли талоқ дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG