Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20 сол: Ёде аз қурбониёни Сребренитса


Рӯзи 11-уми июл барои ширкат дар 20-умин солгарди қатли дастаҷаъмии мардону наврасони боснии мусулмон даҳҳо ҳазор нафар дар шаҳри Сребренитсаи Босния ва Ҳерзеговина ҷамъ омаданд. Дар ин маросим, Александр Вучич, нахуствазири Сербистон, Билл Клинтон, раиси ҷумҳури собиқи Амрико, Мадлен Олбрайт, вазири собиқи умури хориҷии ин кишвар, Аҳмад Довудоғлу, нахуствазири Туркия ва даҳҳо меҳмони баландпояи дигар ширкат мекунанд. Бино ба гузориши хабаргузории Фаронса, вақти имзои Александр Вучич дар китоби таъзия ва сӯҳбати ӯ бо чанде аз хешовандони қурбониёни Сребренитса теъдоде аз мардум нидои норизоиятӣ баровардаанд. Дар ин маросим боқимондаҳои ҷасади 136 қурбонӣ, ки ҳуввияташон мушаххас шуд, дар маҷмаи ёдгорие дафн мешавад. Соли 1995 дар яке аз маҳаллаҳои Сребренитса, нерӯҳои серб 6 ҳазор марду наврасони боснии мусулмонро куштанд, ки бадтарин куштори дастаҷамъӣ баъд аз Ҳолокост дар Аврупо ба ҳисоб меравад.

XS
SM
MD
LG