Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони Ҳинду Покистон Созмони Ҳамкориҳои Шанхайро ба унвони як меҳвари нави иқтисодие ситоиш кардаанд, дар атрофи Ғарб мутаммарказ нашудааст. Дар нишасти сарони кишварҳои узв дар шаҳри Уфаи Русия қарор карданд, ки расмиёти қабули Ҳинду Покистон ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай шурӯъ шавад. Навоз Шариф, нахуствазири Покистон рӯзи 10-уми июл дар ин нишаст гуфт, “Талошҳои раиси ҷумҳур Владимир Путин, ҳавзаи сиёсӣ ва иқтисодии тасмаи Авруосиёро беҳтар мекунад.” Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳинд гуфт, дар сурати узвияти кишвараш ва Покистон, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай нисфи аҳолии ҷаҳонро намояндагӣ мекунад ва “такягоҳе” барои табдил додани иқтисоди Авруосиё ба пӯётарин ва ё мутаҳарриктарин иқтисоди ҷаҳон мешавад. Ӯ афзуд: “Мо ҳамаи чиро барои комёб шудан дорем ва фурсати он расидааст, ки тамоми минтақаҳоро ҷалб кунем.” Нарендра Модӣ дар ин нишаст гуфт, ки соли оянда ба Покистон сафар мекунад ва инро нишонае аз он номиданд, ки Ҳинду Покистон ду рақиби соҳиби силоҳи атомӣ мехоҳанд, Созмони Ҳамкориҳои Шанхайро ба ҳайси майдоне барои ҳамкориҳо ва коҳиши танишҳо истифода кунанд. Дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Тоҷикистону Узбакистон, Чину Русия ва Қазоқистону Қирғизистон шомил ҳастанд.

XS
SM
MD
LG