Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омодагии Ҳинду Покистон ба узвияти СҲШ оғоз ёфт


Раҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар ҳамоиши худ дар шаҳри Уфаи Русия тасмим гирифтанд, ки расмиёти қабули Ҳиндустону Покистон ба узвияти ин созмон оғоз ёбад. Дар ин бора раҳбарони кишварҳои узв рӯзи ҷумъа дар ҳамоиши худ санадеро ба имзо расонданд.

Бино ба хабарҳо, кишварҳои узв стратегияи рушди ин созмон то соли 2025 ва барномаи ҳамкориҳои ин кишварҳо дар мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароиро барои солҳои 2016-2018 ба тасвиб расонданд. Дар поёни ҷаласа 19 санад ба имзо расид.

Пештар Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон дар мулоқот бо Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия гуфт, узвияти Ҳиндустону Покистон, яъне ду кишвари дорои аслиҳаи ҳастаӣ дар Созмони Ҳамкории Шонгҳой на танҳо харитаи сиёсии ҷаҳонро тағир медиҳад, балки дар тавозуни ниру дар ҷаҳон низ тағирот ба вуҷуд хоҳад овард.

XS
SM
MD
LG