Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати Путин аз Ислом Каримов дар Уфа


Путин ва Каримов дар Уфа

Путин ва Каримов дар Уфа

Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия аз Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон даъват кард, ки аз Русия боздиди давлатӣ анҷом диҳад. Путин гуфт, “Шумо аз муддатҳо пеш боздиди давлатӣ анҷом надодаед. Мо мунтазам гуфтугӯ мекунем, зуд-зуд якдигарро мебинем, шумо зуд-зуд ба Маскав меоед. Вале мулоқотҳои расмии дипломатӣ низ аҳамият дорад. Барои ҳамин ман аз шумо даъват мекунам, ки аз Русия боздиди давлатӣ анҷом диҳед”.

Путин ин суханонро дар дидор бо Каримов дар ҳошияи мулоқотҳои расмии шаҳри Уфа изҳор дошт. Путин гуфт, Русия бузургтарин тарафи ҳамкори тиҷоратӣ ва иқтисодии Узбакистон боқӣ хоҳад монд.

Бино ба маълумоти ҷониби Русия дар соли 2014 гардиши колои миёни ду кишвар 4 миллиард долларро ташкил додааст. Вале ҷониби Узбакистон ин рақамро 6 миллиард доллар арзёбӣ мекунад.

Ислом Каримов дар посух ба даъвати Путин гуфт, “Пеш аз ҳама ин даъват барои ман комилан ғайриинтизор аст. Гузашта аз ин шумо мегӯед, ки ин боздиди давлатӣ бошад ва соли ҷорӣ анҷом бигирад”. Путин таъкид кард, ки “бале, мо мехоҳем шуморо ҳамин сол бубинем”.

Каримов чунин диду боздидҳоро муҳим арзёбӣ намуд.

XS
SM
MD
LG