Пайвандҳои дастрасӣ

Порошенко: "Хатари терроризм боло рафтааст"


Петро Порошенко

Петро Порошенко

Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина гуфт, ки хатари терроризм дар Украина “ба таври қобили мулоҳиза боло рафтааст”.

Вай дар мулоқоташ бо Арсений Ятсенюк-нахуствазир ва Арсен Аваков-вазири корҳои дохила 10 июл гуфт, «сатҳи таҳдидҳои террористӣ дар минтақаҳои берун аз маҳаллоти муноқиша ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст».

Порошенко дар бораи ҷузъиёти чунин ҳамлаҳо тавзеҳот надод, вале гуфт, ки аслиҳа аз манотиқи муноқиша аз ҷое, ки нируҳои ҳукуматӣ бо ҷудоихоҳони ҷонибдорони Русия меҷанганд, хатар эҷод мекунад.

Киев ҷудоихоҳони ҷонибдорони Русияро, ки дар шарқи Украина бар зидди нируҳои ҳукуматӣ меҷанганд, «террорист» меномад. Моҳи май дар шарқи Украина ду сарбози нируҳои вижаи Русия боздошт шуда буданд. Онҳо барои «фаъолиятҳои террористӣ» муттаҳам дониста мешаванд.

XS
SM
MD
LG