Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷон Керрӣ: Музокирот наметавонад беохир бошад


Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ

Амрико ва Эрон дар музокироти ҳастаӣ сари калобаро гум кардаанд. 9 июл Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико таҳдид кард, ки музокиротро тарк хоҳад кард, агар Эрон барои ба даст омадани созиш тасмими ҷиддӣ нагирад.

Ҳайати Эрон ба зудӣ ба ин изҳорот ҷавоб дод ва Амрикову ҳампаймонҳои аврупоии онро муттаҳам кард, ки мавзеъгириашонро дар лаҳзаҳои охир тағир додаанд ва машғули “ҷанги равонӣ” ҳастанд.

Ҷон Керрӣ ва мақомоти дигари ғарбӣ гуфтанд, ки Эрон то ҳол роҷеъ ба ақибнишинӣ аз барномаҳои ҳастаиаш тасмим нагирифтааст. Ҷон Керрӣ гуфт, Амрико ба созиш саросема нахоҳад шуд, агар вақти пешбинишуда ба поён расад. Вале бо Эрон тоқаташ тоқ мешавад ва намехоҳад музокиротро идома диҳад.

Ҷон Керрӣ гуфт, “музокирот наметавонад беохир бошад. Мо барои тасмим ҳамеша дар ҳолати интизор нахоҳем монд”. Вай афзуд, агар Эрон тасмими ҷиддӣ нагирад, мо даъват мекунем, ки музокирот ба поён расад.

XS
SM
MD
LG