Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду рақиб мулоқоти амниятӣ баргузор мекунанд


Навоз Шариф ва Нарендра Модӣ дар Уфа, 10 июл
Навоз Шариф ва Нарендра Модӣ дар Уфа, 10 июл

Ҳиндустону Покистон-ду кишвари рақиб дар Осиёи Ҷанубӣ ба тавофуқ расидаанд, ки дар сатҳи мушовирони амнияти миллӣ бо ҳам дар Деҳлӣ масъалаҳои терроризмро баррасӣ кунанд. Дар ин бора 10 июл Ҳиндустон хабар дод.

Ин изҳороти вазири корҳои хориҷаи Ҳиндустон дар ҳоле пахш шуд, ки Нарендра Модӣ ва Навоз Шариф-нахуствазирони ин ду кишвар дар шаҳри Уфаи Русия дар мулоқотҳои раҳбарони Созмони Ҳамкории Шонгҳой ва БРИКС ширкат доранд. Онҳо дар ҳошияи ин мулоқотҳо бо ҳам дидор доштанд ва масъалаҳои амнияти минтақаро баррасӣ намуданд.

Нарендра Модӣ ва Навоз Шариф розӣ шуданд, ки расидагӣ ба парвандаи ҳамлаи соли 2008 дар Мумбайро суръат бахшанд Дар ин ҳамла афроди мусаллаҳи мустақар дар Покистон гунаҳнор дониста мешаванд.

XS
SM
MD
LG