Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати зан аз сӯи шавҳараш бо 4 зарби корд


Мақомоти умури дохилии Фархор як сокини 36-солаи ин ноҳияро ба иттиҳоми қатли ҳамсараш боздошт кардаанд. Маъмурони пулис мегӯянд, ин ҳодиса 9 июли соли ҷорӣ ва дар пайи муноқишаи хонаводагӣ рух додааст. Ба иттилои манбаъ, “ин сокини Фархор бо ҳамсараш - зани 30-сола ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди ошхонагии дар дасташбуда, 2-борӣ ба қафаси сина ва қисмати шикамаш задааст.” Ҷузъиёти дигари ин ҳодиса, бахусус сабабҳои муноқиша маълум нест. Ҳоло дар ин робита парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

XS
SM
MD
LG