Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 100 ҳазор тоҷик барои зиндагии доимӣ ба хориҷа рафтаанд


​Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар тӯли ҳаждаҳ соли охир беш аз сад ҳазор шаҳрванди кишвар барои зиндагии доимӣ ба хориҷа рафта, ҳаштод дарсадашон Русияро интихоб намудаанд.

Дар 18 соли охир беш аз сад ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои зиндагии доимӣ ба кишварҳои хориҷӣ рафтаанд. Аз ин шумор 80 дарсад Русияро макони зиндагӣ интихоб карда ва дигарон ба хориҷаи дуртар кӯч бастаанд.

Аммо омори Тоҷикистон теъдоди умумии онҳоеро, ки аз соли 1992 то имрӯзаз кишвар берун шудаанд, ҳудуди ним миллион нафар арзёбӣ мекунад. "Ҳоло теъдоди хоҳишмандони рафтан аз Ватан кам шуда солона ҳудуди 4 ҳазорро ташкил медиҳад," -- мегӯяд Абдувалӣ Қулов, сардори Раёсати демографӣ ва шуғли аҳолии Кумитаи омори Тоҷикистон.

Табибон, физикҳо, меъморон...

Мавҷи аввали кӯчбастаҳо асосан аз мутахассисони соҳи тиб, ҳавонавардҳо, физикҳо, меъмору муҳандисҳо ва доктору номзадҳои илм иборат буд, ки бо рафтани онҳо халои бузург дар иқтисоду хоҷагии халқи Тоҷикистон эҷод шуд. Аксари тоҷикон, ки Русияро ватани дуюм интихоб кардаанд, мегӯянд, ҳарчанд онҳо шаҳрванди баробарҳуққуқи Русия ҳастанд ва шиносномаи он кишварро доранд, аммо ҳоло низ монеаи байни худу мардуми муқимиро эҳсос мекунанд. Онҳо мегӯянд, муносибати русҳо ба тоҷикҳои “паспортдор” аз бархӯрд ба муҳоҷирони корӣ ё муваққатӣ чандон тафовут надорад.

Хайрулло Саидов 40 сол дорад ва соли 2011 дар чаҳорчӯби барномаи “ҳамватан” ё “соотечественники” ҳамроҳ бо хонаводааш ба вилояти Ярослави Русия кӯчид. Саидов аз 1993 то 2011 дар Русия муҳоҷир буд ва соле як ё ду бор ба дидорбинии фарзандонаш меомад. Ӯ мегӯяд, ки дар Тоҷикистон ҷой кор надошт ва бояд 4 фарзандашро мехӯронду мепушонд. Дарёфти шаҳрвандии Русия барои Саидов аз он хотир мушкил набуд, ки ӯ решаҳои русӣ дошт.

Барномаи "ҳамватан"

Хайрулло Саидов аз рӯи ихтисос иқтисодчӣ аст, аммо ҳоло дар яке аз сохтмонҳои Ярослав дар паҳлӯи муоҳоҷироне кор мекунад, ки ба паспорти қирмизи ӯ бо ҳавас менигаранд. Зероӯ метавонад озодона дар шаҳр рафтуо кунад ва барои кор дар ин сохтмон ба иҷозатномаи вижа ё “патент” зарурат надорад. Маоши ӯ 15 000 рубл аст.

Ҳамсари Хайрулло Саидов, аз рӯи ихтисос ҳамшираи тиббӣ аст. Вале ӯ дар ҷойе кор намекунад. Фарзандони Саидов ҳанӯз дар мактаб таҳсил мекунанд. Саидов мегӯяд,аксари онҳое, ки тариқи барномаи “ҳамватан” ба Русия омаданд,асосан дар рустоҳои ин кишвар зиндагӣ ва мисли муҳоҷирони маъмулӣ дар сохтмон кор мекунанд ва ё ба чорводориву кори замин машғуланд. Дар шаҳрҳои бузург маъмулан онҳое кор меёбанд, ки ё муаллим бошанд ё табиб, ё барномасози компютер.

Сокинони Тоҷикистон, ки дар ҷаҳорчӯби барномаи “ҳамватан” ба Русия мераванд,кумакпулии якдафъаина мегиранд. Ин кумакпулӣ ба сари ҳар узви оила 20 ҳазор ва ба сардори оила 60 ҳазор рубл аст. Русия ин маблағро ба он хотир ба шаҳрвандони наваш медиҳад, ки онҳо то пайдо кардани ҷойи кор ва манзили зист ба мушкил рӯ ба рӯ нашаванд.

"Мушкилот ҳанӯз боқист"

Агарчӣ оилаи Саидовҳо дар Русия зиндагии озод ва бидуни фишор доранд, аммо баъзе хонаводаҳо ҳамон мушкилотеро таҷруба мекунанд, ки муҳоҷирони корӣ ба онҳо гирифторанд. Мадиёр Худойдодов 47 сол дорад. Ӯ соли 2005 барои иқомати доимӣ ба шаҳри Якутски Русия рафт. Худойдодов Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси сохтмончӣ хатм карда, соҳиби панҷ фарзанд аст.

Худойдодов, ки худ қаблан муҳоҷир буд, гумон дошт, ки баъди дарёфти паспорти русӣ ҳамаи мушкилоташ якбора аз байн мераванд. Аммо ин тавр нашуд.“10 сол мешавад хона харида наметавонем. Кори мувофиқ нест. Ман 5 фарзанд дорам, ки ҳамааш духтар ҳастанд. Бо 5 духтар бехона зиндагӣ кардан хеле душвор аст. Дар Тоҷикистон ҳадди ақал хона доштам,” -- мегӯяд Худойдодов.

Ҳамсари Худойдодов, Хуршеда Худойдодова, риштаи шарқшиносии Донишкадаи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, аммо хонашин аст. Ба қавли хонаводаи Саидовҳо дар Иркутск даҳҳо оилаҳои тоҷик зиндагӣ мекунанд, ки ҳамагӣ аз тариқи барномаи “ҳамватан” шаҳрванд шудаанд.

Ҳарчанд бо зану фарзандон аз сифр оғоз кардани зиндагӣ дар як кишвари дигар кори осон нест, вале тоҷикони муқими Русия худро хушбахт медонанд, ки аз имкони зиндагӣ дар ин кишвари бузург бархӯрдор шудаанд ва метавонанд ояндаи хуби бачаҳои худро таъмин кунанд. Бино ба маълумоти расмӣ дар тӯли 20 соли ахир ҳудуди 300 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон табааи Русия шуданд. Ин теъдод ҳамчунин бар пояи қарордоди душаҳрвандӣ шиносномаҳои Тоҷикистонро ҳифз кардаанд.

XS
SM
MD
LG