Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Уфа, пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистони Русия, рӯзи 9 июл нишасти сарони гурӯҳи БРИКС шурӯъ шуд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия бо ташкили ин нишаст мехоҳад намоиш диҳад, ки кишвараш бар асари ихтилоф бо Ғарб дар инзивоъ қарор надорад.

Сарони кишвари узви гурӯҳи БРИКС – Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ масоили марбут ба низоъ дар шарқи Украина, бӯҳрони иқтисодии Юнон ва таҳдиди гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро баррасӣ мекунанд.

Маскав баъд аз он робитааш бо БРИКС-ро қавӣ кард, ки соли гузашта барои замима кардани нимҷазираи Қрим ва пуштибонӣ аз ҷудоихоҳони Донбасс мавриди таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ қарор гирифт.

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзи 9 июл дар Уфа гуфт, ки ягон кишвари узви БРИКС ба замима шудани нимҷазираи Қрим ба Русия мухолифат надорад.

XS
SM
MD
LG