Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз Сандуқи АвроОсиё 40 млн мегирад


Шӯрои Сандуқи субот ва рушди АвроОсиё рӯзи 9 июл ҷиҳати ироаи 40 миллион доллар қарзи молӣ ба ҳукумати Тоҷикистон усулан қарор қабул кардааст. Ин қарз бояд дар солҳои 2015-2016 ба Душанбе ироа шавад. Аммо ба мудирияти Сандуқи АвроОсиё ва ҳукумати Тоҷикистон тавсия шудааст, ки чаҳорчӯбҳои ислоҳотеро, ки ин Сандуқ барои иҷрояш пул медиҳад, такмил кунанд. Ин ниҳоди молӣ ҳамчунин ҷиҳати ироаи 40 миллион доллар барои навсозии шабакаҳои обёрии Арманистон ва 100 миллион доллар барои марҳалаи дувуми бозсозии нирӯгоҳи Токтогули Қирғизистон пул ҷудо мекунад. Сандуқи АвроОсиё дар моҳи январи соли 2015 ба ҷои “Сандуқи зиддибӯҳронии ЕвразЭС” ташкил шуд. Сандуқи зиддибӯҳронии ЕвразЭС ҳанӯз соли 2009 бо 10 миллиард доллар сармояи ибтидоӣ сохта шуда буд.

XS
SM
MD
LG