Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пешбарии Э.Миллард ба мақоми сафири Амрико дар Душанбе


Элизабет Миллард

Элизабет Миллард

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама рӯзи 7 июл як номзад ба муовинии вазири хориҷа ва 4 номзад ба мақоми сафирӣ, аз ҷумла номзад ба сафирии Амрико дар Тоҷикистонро муаррифӣ кардааст. Ба мақоми сафири Амрико дар Душанбе Элизабет Миллард пешбарӣ шудааст.

Дар муаррифиномаи Элизабет Миллард гуфта мешавад, ки ӯ дипломати собиқадор буда, аз соли 2013 ба ҳайси муовини котиби иҷроияи вазорати хориҷаи Амрико кор мекунад. Қаблан хонум Миллард солҳои 2011- 2013 муовини раҳбари намояндагии сафорати Амрико дар Остона, пойтахти Қазоқистон буд. Ӯ дар гузашта ҳамчунин дар сафоратҳову консулгариҳои Амрико дар Марокаш, Непал ва Ҳиндустон кор кардааст. Аммо таҷрибаи дипломатии ӯ аз кор дар Ҷумҳурии Чех ва Дания оғоз мегирад. Элизабет Миллард унвони баклаврро аз Мактаби иқтисодии Лондон ва унвони магистрро аз Мактаби пажӯҳишҳои байналмилалии Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинси Амрико ба даст овардааст.

Агар номзадии Элизабет Миллард дар Конгресс тасвиб шавад, ӯ дар курсии сафири Амрико дар Душанбе Сюзан Эллиотро иваз хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG