Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин дидори президентони Тоҷикистон ва Афғонистон


акс аз сайти президенти Тоҷикистон
акс аз сайти президенти Тоҷикистон

Дар шаҳри Уфа, дар остонаи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой мулоқоти президенти Тоҷикистону Афғонистон баргузор шуд. Ин нахустин мулоқот президентон ду кишвари ҳамсоя баъди пирӯзии Аҳмадзай дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2014-и Афғонистон мебошад.

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонааш хабар медиҳад, ки дар ин мулоқот маҷмӯи васеи масоили вобаста ба рушди муносиботи накӯи ҳамсоягӣ ва ҳамкории судбахш баррасӣ шуд. Таваҷҷӯҳи зиёд ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, амнияту мудофиа, иқтисоду тиҷорат, энергетика ва ҳамлу нақл зоҳир гардид. Тарафҳо ба ҳамкории наздики мақомоти ҳарду тараф, ҷараёни сохтмони тарҳҳои минтақавии роҳҳои оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон, хатти барқии 500 киловолтаи КАСА-1000 ва лӯлаи гази Афғонистон-Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Таваҷҷуҳи зиёд ба қарордоди тиҷорати транзитии Тоҷикистон-Афғонистон-Покистон ҳам зоҳир гардид.

Ҷониби Тоҷикистон омодагии худро ба бозомӯзии мутахассисони соҳаҳои гуногун барои Афғонистон таъйид кард. Тавре зикр гардид, танҳо дар соли равон барои донишҷӯёни афғон 250 бурсия дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ҷудо гардидааст ва солҳои оянда ин шумора боз ҳам афзун мегардад. Ба масоили вобаста ба таҳкими ҳамкорӣ миёни сохторҳои дифоию амниятӣ ва дигар мақомоти дахлдори ду кишвар барои ҳифзи субот дар минтақа таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.

Раҳбарони ин ду кишвар бо ҳадафи ширкат дар нишасти Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Уфа, ки рӯзи 10 июл баргузор мешавад, ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG