Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати "волии Хуросон" дар Нангарҳор


Шаҳидуллоҳ Шаҳид

Шаҳидуллоҳ Шаҳид

Хадамоти амнияти миллии Афғонистон рӯзи 9 июл дар бораи ҳалокати як фармондеҳи собиқи Толибони Покистон, ки моҳҳои ахир ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайваста буд, хабар дод. Бино ба иттилои расмӣ, Мавлавӣ Шаҳидуллоҳ Шаҳид рӯзи 7 июл бар асари зарбаи ҳавопаймои ҷангӣ дар волусволии Ачини вилояти Нангарҳор кушта шудааст.

Шаҳидуллоҳ Шаҳид моҳи октябри соли 2014 баъд аз он аз сафи Толибони Покистон ронда шуд, ки нахустин шуда дар маҳзари ом садоқаташ ба гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро эълон кард. Он вақт “Давлати исломӣ” ӯро волии худ дар Хуросон, минтақаи иборат аз Афғонистону Покистон ва чанд кишвари ҳамсояи дигартаъин карда буд.

Мансабдорони афғон гуфтанд, ки дар зарбаи ҳавопаймои ҷангӣ раҳбари амалиёти низомии гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Афғонистон Гул Замин Фотеҳ ва муовини ӯ Ҷиҳодёр ҳам ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG