Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Блейзер аз фаъолият дар бахши футбол маҳрум шуд


Чак Блейзер

Чак Блейзер

Узви пешини кумитаи иҷроияи ФИФА – Федератсиони байнулмилалии футбол ва собиқ Дабири кулли Конфедератсияи футболи Амрикои Шимолӣ ва Марказӣ Чак Блейзер якумрӣ аз фаъолият дар бахши футбол маҳрум карда шуд.

Дар ин бора Кумитаи одоби ФИФА рӯзи 9 июл тасмим гирифт. Аз ин пеш Чак Блейзер иқрор карда буд, ки ӯ ва дигар мансабдорони ФИФА барои соли 2010 мизбони Ҷоми ҷаҳонии футбол интихоб шудани Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ пора гирифтаанд.

Изҳороти Блейзер баъд аз он нашр шуд, ки мақомоти тафтишотӣ алайҳи мансабдорони ФИФА парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

Тасмими кумитаи одоби ФИФА аз рӯзи 9 июл ба ҳукми қонун медарояд. Аз ин пеш моҳи майи соли 2013 Блейзер боздошт ва муваққатан аз фаъолият дар бахши футбол маҳрум шуда буд.

Бузургтарин дар таърихи ФИФА моҷаро баъд аз он шурӯъ шуд, ки моҳи майи соли равон дар Сюрих чанд тан аз мансабдорони Федератсиони байнулмилалии футбол бо гумони ришватситонӣ боздошт шуданд. Додситонии ИМА алайҳи 14 мансабдори ФИФА, аз ҷумла, шаҳрванди Амрико Чак Блейзер, бо иттиҳоми ришватситонӣ ва “шустушӯи пул” парвнадаи ҷиноӣ боз кардааст. Онҳо дар он айбдор мешаванд, ки тайи 24 соли ахир беш аз 150 миллион долларро ба ҷайб задаанд.

Моҷарои фасод раиси ФИФА Зеп Блаттерро водор сохт, ки дар бораи истефои қабл аз мӯҳлат ариза нависад. Интихоботи раиси нави ФИФА моҳи декабри соли равон ё моҳи январи соли 2016 баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG