Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби Русия оид ба лағви эмбаргои силоҳ барои Эрон


Маскав аз Созмони Милали Муттаҳид хостааст, ки ҳарчӣ зудтар эмбарго барои фурӯши силоҳ ба Эронро лағв кунад. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар ин бора рӯзи 9 июл хабар дод ва гуфт, ки лағви эмбарго – як бахши созиш оид ба барномаи ҳастаии Эрон аст.

Аз ин пеш ӯ дар шаҳри Уфа, пойтахти Бошқирдистон, изҳор намуд, ки ягон монеъаи сангин барои имзои созиши ниҳоӣ оид ба барномаи ҳастаии Эрон боқӣ намондааст. Ӯ афзуд, ки баъд аз анҷоми нишасти БРИКС ба Вана парвоз мекунад, зеро мулоқоти вазирони умури хориҷии “панҷ ба изофаи як” ва Эрон метавонад ҳар лаҳза шурӯъ шавад.

Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷии Русия, ҳам гуфт, ки музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эрон ба душвортарин марҳалаи худ ворид шудааст. Дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар долонҳои нишасти сарони БРИКС дар ашҳри Уфа рӯзи 9 июл ӯ гуфт, ҳамаи кишварҳои гурӯҳи “панҷ ба изофаи як” (ИМА, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон) сари пешниҳодҳои ба Теҳрон ироашуда кор мекунанд.

Теҳрон рӯзи чаҳоршанбе изҳор намуд, ки ҳалли нави мушкили ҳастаии Эронро пешниҳод кардааст, аммо мансабдорони ғарбӣ гуфтанд, ки аз Теҳрон ҳарфи наве нашунидаанд.

Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, рӯзи 8 июл дар мулоқоти пушти дарҳои баста бо қонунбарорҳо дар Кохи Сафед гуфт, ки шонси расидан ба созиши ниҳоӣ оид ба барномаи ҳастаии Эрон 50 дар сад аст.
Мӯҳлати ниҳоии имзои созиш рӯзи 10 июл муқаррар шудааст.

XS
SM
MD
LG