Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Беш аз 4 миллион суриягӣ паноҳанда аст


Фирориёни суриягӣ дар Туркия
Фирориёни суриягӣ дар Туркия

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки бар асари ҷанг беш аз чаҳор миллион суриягиҳо кишварро тарк намуданд. Антонио Гутерреш, раиси кумитаи умури паноҳандагони СММ, рӯзи 9 июл хабар дод, ки фақат тайи даҳ моҳи ахир беш аз як миллион нафар аз Сурия берун рафтанд.

Ба гуфтаи ӯ, бори ахир СММ ба ин гуна теъдоди бузурги фирориён соли 1992 кӯмак карда буд – он вақт тақрибан 4,6 миллион нафар Афғонистонро тарк намуда буданд.

Антонио Гутерреш афзуд, ки паноҳандагони суриягӣ дар вазъи сангин ба сар мебаранд ва ҳарчӣ бештар ба умқи фарқу нодорӣ мераванд. Вазъи тақрибан 7,6 миллион суриягиҳо, ки дар дохили кишвар фирорӣ шудаанд, аз ин беҳтар нест.

Бар асари даргириҳо дар Сурия пас аз тасмими Димишқ барои истифодаи артиш дар саркӯбсозии эътирозҳои моҳи марти соли 2011 беш аз 230 ҳазор нафар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG