Пайвандҳои дастрасӣ

Лавров: Монеъае барои имзои созиш бо Эрон нест


Сергей Лавров

Сергей Лавров

Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷии Русия, изҳор намуд, ки музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эрон ба душвортарин марҳалаи худ ворид шудааст. Дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар долонҳои саммити БРИКС дар шаҳри Уфа рӯзи 9 июл ӯ гуфт, ҳама кишварҳои гурӯҳи “панҷ ба изофаи як” (ИМА, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон) сари пешниҳодҳои ба Теҳрон ироашуда кор мекунанд.

Аз ин пеш рӯзи панҷшанбе Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар Уфа изҳор намуд, ки ягон монеъаи сангин барои имзои созиши ниҳоӣ оид ба барномаи ҳастаии Эрон боқӣ намондааст. Ӯ афзуд, ки баъд аз анҷоми нишасти БРИКС ба Вена парвоз мекунад, зеро мулоқоти вазирони умури хориҷии “панҷ ба изофаи як” ва Эрон метавонад ҳар лаҳза шурӯъ шавад.

Теҳрон рӯзи чаҳоршанбе изҳор намуд, ки ҳалли нави мушкили ҳастаии Эронро пешниҳод кардааст, аммо мансабдорони ғарбӣ гуфтанд, ки аз мақомоти Эрон ҳарфи наве нашунидаанд.

Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, рӯзи 8 июл дар мулоқоти пушти дарҳои баста бо қонунбарорҳо дар Кохи Сафед гуфт, ки шонси расидан ба созиши ниҳоӣ оид ба барномаи ҳастаии Эрон 50 дар сад аст.

Мӯҳлати ниҳоии имзои созиш рӯзи 10 июл муқаррар шудааст.

XS
SM
MD
LG