Пайвандҳои дастрасӣ

Барномаи ислоҳоти Юнон ба ИА ироа мешавад


Алексис Сипрас дар Парлумони Аврупо

Алексис Сипрас дар Парлумони Аврупо

Алексис Сипрас, нахуствазири Юнон, ваъда дод, ки рӯзи 9 июл барномаи муфассали ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ ба хотири дарёфти кӯмаки молиявии байнулмилалиро дар ихтиёри Иттиҳодияи Аврупо (ИА) мегузорад. Сарони Иттиҳодияи Аврупо барои Афина мӯҳлати ниҳоии ироаи барномаи ислоҳотро субҳи рӯзи ҷумъа, то шурӯъи нишасти сарони кишварҳои узви иттиҳодия, муқаррар кардаанд. Қарор аст, ки дар ин нишаст бӯҳрони Юнон баррасӣ шавад.

Нашрияи "Катхимерини", чопи Афина, рӯзи панҷшанбе навишт, ки аз ислоҳоти пешбиникардаи ҳукумат дар ду сол 12 миллиард ёвро маблағи буҷаи Юнон сарфа хоҳад шуд. Дар ин матлаб ҳамчунин бо такя ба пешгӯии иқтисоддонҳо омадааст, ки соли равон иқтисоди Юнон се дар сад пойин хоҳад рафт.

Бо амри ҳукумат, бонкҳои Юнон то рӯзи 13 июл баста хоҳанд буд.

Алексис Сипрас зимни суханронӣ дар Парлумони Аврупо рӯзи чаҳоршанбе изҳор намуд, ки Юнон аз минтақаи евро берун рафтанӣ нест. Ӯ хост, ки Иттиҳодияи Аврупо барномаи нави сармоягузориро бипазирад ва афзуд, ки ҳукумати Афина омода аст аз ҳафтаи оянда ислоҳот дар бахши нафақа ва андозро шурӯъ кунад.

XS
SM
MD
LG