Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Раҳмон бо тоҷикони муқими Уфа


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 8-уми июл бо гурӯҳи 150 нафарии шаҳрвандони кишвар дар Русия мулоқот кард. Дар ин вохӯрӣ дар меҳмонсарои Шератони шаҳри Уфа, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки дар мулоқоташ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ки пештар сурат гирифт, дар бораи сабуктар кардани шароити кору сабти номи муҳоҷирони тоҷик сӯҳбат карда ва аз ӯ хостааст, ки саҳмияҳо барои таҳсили ҷавонони тоҷик дар Русияро бештар кунад. Муҳаммади Эгамзод, намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ки дар ин нишаст ҳузур дошт, ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот аз тоҷикон хостааст, муттаҳид бошанд ва «ту аз куҷову ман аз куҷо» нагӯянд ва зану фарзанду волидонашонро дар ватан фаромӯш накунанд. Яке аз ҳозирон дар мулоқот дар бораи пазмониаш аз Тоҷикистон сӯҳбат кардааст ва яке дигар гуфтааст, ки бачаҳои тоҷик русиро хуб намедонанд, аз ин рӯ хуб аст, агар забони русӣ дар Тоҷикистон ба таври фарогир таълим дода шавад. Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи ширкат дар нишасти сарони кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба шаҳри Уфа, пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистони Русия сафар кардааст, ки қарор аст, рӯзи 10-уми июл баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG