Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳоҷӣ Самандар" ба зиндони якумрӣ маҳкум шуд


Додгоҳи олии Тоҷикистон баъди як моҳи муҳокимаи парвандаи пурсарусадои қатли ду бародар, се нафарро дар куштори Фарҳод ва Раҷабалӣ Каримовҳо гунаҳкор донист ва онҳоро ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард. Ба итиллои расмии Додгоҳи oлӣ, Абдулазиз Усмонов, маъруф ба «Ҳоҷӣ Самандар” ва шарики ӯ Саидмурод Мадалиев барои қатли бераҳмонаи ду бародар ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуданд ва нафари севвум дар ин парванда Ҷамшед Раҷабов ба 25 соли зиндон маҳкум шуд.

Додгоҳи Олӣ гуфт, ки Абдулазиз Усмоновро, ки ба гуфтаи муфаттишон фармоишгари қатл аст, бар асоси моддаи 104, куштор бо бераҳмии хос ва бар асоси моддаи 186, яъне гаравгонгирӣ ба зиндон маҳкум кард ва ӯ бояд бақияи умрашро дар колонияи низомаш пурзӯр сипарӣ кунад. Саидмурод Мадалиев низ бо моддаи 104 яъне куштор гунаҳкор дониста шуд ва ӯ низ бояд бақияи умри худро дар колонияҳои низомаш махсус сипарӣ кунад. Ҷамшед Раҷабовро бо айни моддаҳои Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба 25 соли зиндон маҳкум карданд.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон муҳокимаи се нафарро, ки ба куштори бародарон Фарҳод ва Раҷабалӣ Каримовҳо, сокинони дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор айбдор мешуданд, рӯзи 6-уми июн оғоз карда буд. Ҷасадҳои бародарон Каримовҳо баъди чанд рӯзи ғайб заданашон рӯзи 18 ноябр аз канори роҳе дар ҳудуди ҷамоати Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ ёфт шуд. Ҳафтае баъд Маркази робита бо ҷомеаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки бо гумони қатли бародарон, ду сокини ноҳияи Ҳисор, аз ҷумла Абдулазиз Усмонов, ва як сокини Душанбе дастгир шудаанд. “Ҳоҷӣ Самандар” зимни бозпурсии маъмурони амниятӣ мегуфт, ки қатли Фарҳод ва Раҷабалӣ Каримов ӯ фармоиш додааст ва ин куштор дар заминаи ихтилофи онҳо бар сари харидуфурӯши маводи мухаддир содир шудааст.

“Ҳоҷӣ Самандар” дар навори видеоии Кумитаи амният мегуфт, ки ба бародарон Каримовҳо беш аз 100 кило маводи мухаддир дода буд, вале пулашро гирифта натавонист. Ӯ гуфт, ба ҳамин далел Саидмурод Мадалиев ва Ҷамшед Раҷабовро, ки яке барои куштор 15 сол ҳукми зиндон гирифта буд, дувумӣ аз сӯи мақомоти Русия ҷустуҷӯ мешуд, барои куштани Каримовҳо киро кардааст, чунки ба гуфтаи Абдулазиз Усмонов: “ Ман бояд онҳоро мекуштам, набошад онҳо маро мекуштанд.” Ин ду нафар низ дар он навор эътироф карданд, ки бо супориши “Ҳоҷӣ Самандар” бародарон Фарҳод ва Раҷабалӣ Каримовҳоро ба қаламрави ноҳияи Рудакӣ бурда ва дар ҷои хилвате, аввал ба сарашон халтаҳои пластикӣ андохта ва баъдан бо зарби тир куштаанд. Баъди ин ҷасадҳоро гӯр кардаанд.

Фарҳод ва Раҷабалӣ Каримов, сокинони 34 ва 46-солаи кӯчаи Нусратулло Махсуми шаҳри Душанбе рӯзи 6-уми ноябр бо мошинҳои «Toyota Camry» рақами давлатиаш АР 50-00 07 РТ ва худрави тамғаи «Range Rover», рақами давлатиаш 53-60 ВН 01 РТ аз хона баромада, бедарак шуданд ва баъди муроҷиати бародари дигарашон мақомот ҷустуҷуро шуръ карданд. Фарҳод ва Раҷабалӣ Каримовҳо, ба гуфтаи наздикони онҳо, ҳарду бизнеси мошин доштанд ва аз хориҷи кишвар, бештар аз Олмону Латвия мошин ворид мекарданд. Аммо “Ҳоҷӣ Самандар”, ки ҳоло ҳамчун фармоишгари қатли ин бародарон ба додгоҳ эҳзор шудааст, иддао дорад, ки дар асл бизнеси ин бародарон марбут ба харидуфурӯши маводи мухаддир буд.

XS
SM
MD
LG