Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отамбоев хостори рушди соҳибкорӣ дар Қирғизистон шуд


Алмазбек Атамбаев
Алмазбек Атамбаев

8 июл Алмосбек Отамбоев-раиси ҷумҳури Қирғизистон изҳор дошт, ки кишвари вай «роҳи бунёди давлати одилонаро пеш гирифтааст». Вай гуфт, касе, ки мехоҳад сарватманд шавад, бояд ба соҳибкорӣ биравад, кори худро боз кунад. Минбаъд ҳамин гуна хоҳад буд, яъне «ба мақоми додситону раиси додгоҳ ва раҳбарони дигар шахсоне интихоб хоҳанд шуд, ки саҳми худро дар пешрафти кишвар гузоштаанд».

Отамбаев ин суханонро дар маросими гушоиши пуле бар рӯи рӯдхонаи Кок-Арт баён дошт. Вай ҳамзамон қавл дод, ки ҳамаи соҳибкоронро бо шароити хуб таъмин хоҳад кард, аз ҷумла дар ихтиёри онҳо қарзҳои қобили қабул ва дарозмуддат хоҳад гузошт.

Раиси ҷумҳур изҳор дошт, ки кишвараш солҳои мушкили иқтисодиро паси сар кардааст, барои ҳамин Қирғизистони воҳиду якпорча акнун «ба пои худ рост хоҳад шуд».

XS
SM
MD
LG