Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе мизбони ҳамоиши байналмилалии зидди терроризм


Душанбе мизбони ҳамоиши байналмилалӣ дар мавзӯи “Ислом зидди тероризм ва ифротгароии динӣ” мешавад. Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзим ва ҷашну анъанаҳои миллии Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 8 июл зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар чорчӯби барномаи ҳукумати Тоҷикистон ба ибтикори Кумитаи дин, рӯзҳои 22 ва 23 июл конфаронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Ислом зидди тероризм ва ифротгароии динӣ” дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Ба гуфтаи ҷаноби Муқим, ҳадафи аслии ин ҳамоиши байналмилалӣ, баррасии таҳаввулоти ахир дар минтақа ва ҷаҳон дар мавриди паёмадҳои терроризм ва ифротгароӣ аст, ки бештар онро ба ислом рабт медиҳанд. Дар ҳоле, ки ба таъкиди ҷаноби Муқим, он чӣ дар минтақа ва ҷаҳон, ба хусус кишварҳои исломӣ мегузарад, рабте ба ислом надорад ва чеҳраи аслии ислом ин нест. Ба ин далел, сухангӯи Кумитаи дин афзуд, ки Тоҷикистон бо баргузории ин ҳамоиши байналмилалӣ мехоҳад, то чеҳраи аслии исломро бори дигар ба ҷаҳониён бишносонад. Чун дини мубини ислом ваҳдату тафоҳум ва сулҳу субот аст, на ҷангу куштор.

Ба ин ҳамоиши байналмилалӣ 40 шахсияти рӯҳонӣ ва коршиноси варзидаи минтақа ва ҷаҳон, аз Русия, кишварҳои арабӣ, Ҳинд, Аврупо ва дигар кишварҳо ва ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои динии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон даъват шудаанд, ки бо мубодилаи афкор зидди терроризму ифротгароӣ будани исломро баҳсу баррасӣ хоҳанд кард. Қарор аст ҳамоиши байналмилалии “Ислом зидди тероризм ва ифротгароии динӣ” дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва бо ширкати мақомоти баландпояи ин кишвар баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG