Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бруссел то ҳол интизори ислоҳот дар Юнон аст


Пиэр Московитсӣ
Пиэр Московитсӣ

Кумиссари иқтисодии Аврупо мегӯяд, ки Бруссел ҳанӯз интизори ислоҳоти ҳамаҷонибаи Юнон аст ва чунин ислоҳот ба ин кишвар имкон медиҳад, ки дар қаламрави пули евро бимонад.

Кумиссар Пиэр Московитсӣ 8 июл ба Би Би Си гуфт, ки Фаронсаву Олмон бояд Алексис Тсипрас-нахуствазири Юнонро ташвиқ кунанд, ки ислоҳотро анҷом диҳад ва роҳи додани қарз ба Юнонро боз кунад.

Ин гуфтаҳои Московитсӣ дар ҳоле садо дод, ки як рӯз пеш Тсипрас дар Бруссел бо вазирони молии кишварҳои қаламрави евро мулоқот дошт, вале дар бораи ислоҳот чизе пешниҳод карда натавонист.

Кишварҳои қаламрави пули евро ба Юнон то 12 июл вақт доданд, то пешниҳодҳои нави худро ироа кунад. Доналд Туск-раиси Шӯрои Аврупо аз ҳамаи раҳбарони 28 кишвари узв хост, ки дар мулоқоти 12 июл дар Бруссел ширкат ҷӯянд, зеро ояндаи Иттиҳодияи Аврупо баррасӣ мешавад.

Доналд Туск 8 июл гуфт, агар дар давоми чаҳор рӯзи оянда созиш ба даст наояд, Юнон муфлис хоҳад шуд.

Жан Клод Юнке-раиси Кумиссиюни Аврупо гуфт, Бруссел ба хуруҷи Юнон омода шудааст.

XS
SM
MD
LG