Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

821 мубтало ба ВИЧ дар зиндонҳои Тоҷикистон


Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯяд, соли ҷорӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон 821 мубтало ба маризии норасоии масунияти бадан ва ё Вич сабт шудааст. Ин дар ҳолест, ки соле пеш мақомоти расмии кишвар шумораи маризони ВИЧ-ро дар маҳбасҳои кишвар 700 нафар баршумурда буд. Нусратулло Салимзода, вазири беҳдоштии Тоҷикистон, рӯзи чорашанбеи 8-уми июл дар ҳузури хабарнигорон гуфт, “аз шумораи умумии гирифторони ВИЧ дар маҳбасаҳо 233 нафарашон ба табобати ретровирусӣ фаро гирифта шудаанд.”

Аммо ҷаноби Салимзода афзуд, бемории сил дар зиндонҳо дар нисбати як соли пеш коҳиш ёфта, ҳоло 44 нафарро ташкил медиҳад. Ин рақам дар соли 2014 ҳаштоду чаҳор нафар будааст. Ба иттилои вазири тандурустии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ ҳоло дар кишвар расман 7 ҳазору 142 нафар гирифторони ВИЧ сабт шудааст. Ба гуфтаи вай, ҳарчанд ин беморӣ дар ҳоли афзоиш аст, аммо дар нисбати дигар кишварҳои минтақа ва Русия, дар Тоҷикистон камтар будааст ва феълан 68 дарсади маризони ВИЧ табобати ретровирусӣ мегиранд. Нусратулло Салимзода гуфт, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз 88 зани ҳомила, ки дорои ин маризӣ будаанд, 65 нафарашон таваллуд кардаанд.

XS
SM
MD
LG