Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Музокироти ҳастаии Эрон дар лаҳзаҳои охир доғ мешавад


Музокироти ҳастаии Эрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ хашмбарангез шудааст, зеро дар лаҳзаҳои охир Эрон ин масъаларо ба миён ниҳод, ки бояд ба таҳримҳои СММ дар бораи аслиҳаи маъмулӣ ва барномаҳои мушкӣ поён дода шавад. Дар ин бора ширкаткунандагони музокира хабар доданд.

Таҳримҳои Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо барои барномаҳои ҳастаии Эрон аслан бахши иқтисоди Эронро дар бар мегирифт. Вале дар рӯзҳои охири музокирот Эрон дархост кардааст, ҳар гоҳ ки ин созишнома эътибор пайдо кард, СММ низ таҳрими маҳдудияти мушкҳои болдори Эрон ва фурӯши алиҳаро аз миён бардорад.

Як намояндаи боломақоми ғарбӣ гуфт, “аз қаҳр дарҳоро ба ҳам назадаанд, вале табодули доғи ақидаҳо мушоҳида шудааст”.

Аббос Арақчӣ-муовини вазири корҳои хориҷаи Эрон баъд аз ин баҳсҳо назарашро ба матбуот ин гуна баён дошт: “Созишнома ин эҳсосотро ба вуҷуд меорад, ки гӯё ҳамаи таҳримҳо ҳамзамон аз миён бардошта мешаванд”.

Вай афзуд, “қудратҳои ғарбӣ бояд бархурди худро ба таҳримҳо тағир диҳанд, агар онҳо хостори созишнома бошанд. Кишварҳои ғарбӣ бояд ба қатъи таҳримҳо омода бошанд”

XS
SM
MD
LG