Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико ба сохторҳои қудратии Тоҷикистон 87 худрав дод


Сафорати Амрико ба нерӯҳои марзбонӣ, вазорати корҳои дохилӣ ва Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир беш аз 80 худрави ҳозиразамонро тақдим кард. Ин худравҳо зимни маросиме рӯзи чоршанбеи 8 июл дар қисми марзбонии 26 11- и Сарраёсати қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон ба дастаҳои ОМОН ва “Алфа”-и вазорати корҳои дохилӣ, Оҷонсии назорат бар маводи мухаддир ва Нерӯҳои марзбонии ин кишвар супорида шуд. Ин 87 худрав аз нақлиёти тамғаҳои “Тайота”, “Ҷип” ва амсоли ин ва микроавтобусҳо иборат буда, барои минтақаҳои мушкилгузар ва саъбулубури кӯҳистонӣ дар назар гирифта шудааст.

Сюзан Эллиотт, сафири ИМА дар Тоҷикистон зимни суханронӣ дар маросими тақдими ин худравҳо гуфт, ки кӯмаки мазкур дар чорчӯби ҳамкориҳои Амрико бо Тоҷикистон ва ба хотири таҳкиму тақвияти марз сурат мегирад. Хонум Эллиотт, мизони кӯмаки мазкурро беш аз 5 миллион доллар арзёбӣ кард ва гуфт, ки ин худравҳо дар ҷиҳати мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ба сохторҳои қудратии Тоҷикистон кӯмаку мусоидат хоҳад кард.

Сафири ИМА дар Тоҷикистон гуфт, ки кишвараш дар оянда низ кӯмак ба Тоҷикистон дар арсаҳои мухталифро идома хоҳад дод. Ин ҳам дар ҳоле, ки тибқи омори расмӣ, ИМА аз соли 1992 то кунун ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1 миллиард доллар кӯмакҳои билоиваз кардааст.

XS
SM
MD
LG